Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ – фарҳангии он шахсро ба инкори ҳақиқати гузашта, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолии миллӣ оварда мерасонад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мегардад.
Дар модддаҳои 8, 30 Конститутсия муқаррар шудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шудааст. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд манъ аст.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти коститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва азонихудкунии салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Ташкилоти экстремистӣ – иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте мебошад, ки нисбат ба он тибқи асосҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” оид ба барҳам ё манъи фаъолият вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм буда, ҳама гуна даъватҳоро вобаста ба халалдорсозии тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ, ҷудоиандозию ба миён овардани низоъҳои диниву мазҳабиро маҳкум менамояд.
Шаҳрвандони кишвар бояд донанд, ки ҳар шахс вазифадор аст, Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки масъалаҳои зикргардидаро дуруст дарк намояд ва нагузорад, ки фарзандону наздиконашон ба ақидаҳои носолиму иғвоангези ин созмонҳо пайравӣ намоянд, фирефтаи ақидаҳо ва ташвиқу тарғиби душманонаю ваъдаҳои иғвогаронаи онҳо гарданд.
Маҳз ба хотири баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин тарбияи дурусти насли имрӯза, омӯхтану аз худ кардани мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагонамон бояд вазифаи аввалиндараҷаи шаҳрвандон бошад.
Ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан ҷавонон вазифадор ва масъул мебошанд, ки ҳаргиз ва дар ҳеҷ ҳолат ба Ватан, миллат ва давлати худ хиёнат накунанд. Фирефтаи тарғибу ташвиқи душманон ва хоинони миллат нагарданд.
Бинобар ин мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, муррабиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлоли худро натанҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлоли, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Ахмедов Мустақим,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара