Дар олами муосир терроризм ба яке аз масъалаҳои ҷаҳонӣ ва таҳдидкунанда ба бехатариву оромии байналхалқӣ табдил ёфтааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Дар шароити тағйирпазирии арзишҳо, дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо, сӯиистифодаи ғаразнок ва ҳадафманди ин зуҳуроти манфӣ аз ҷониби нерӯҳои гуногуни сиёсӣ афзун мегардад ва рӯ овардани бозингарони майдони сиёсии олам ба ин амали мудҳиш воситаи расидан ба мақсадҳои нопок дар шаклҳои гуногун сурат мегирад. Бояд таъкид кард, ки аз назари ахлоқи башарӣ ва қонуни умумии адл ин зуҳуротро ҳодисаи мусбат ва сазовори рафтори инсонӣ донистан мумкин нест, терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест.
Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Онҳое, ки ба ин амали нопок даст мезананд, бояд донанд ва аз хотир набароранд, ки ҳеҷ неъмат, ҳеҷ арзиш ва ҳеҷ манфиат болотар аз қадр ва манзалати инсон буда наметавонад. Ҳамаи неъматҳои оламро дастрас кардан мумкин аст, ҳамаи вайронаҳоро обод карда мешавад, вале умри бармаҳалкандашудаи инсонро баргардонида намешавад.
Имрӯз терроризм ба масъалаи глобалии замони муосир, нерӯи манфии вайронкунандаи низомҳо, унсури нодурусти расидан ба мақсадҳо, таҳдиди ҷиддӣ ба фарҳангу тамаддунҳо, ҷаҳон ва ҳар давлати демократӣ мубаддал гаштааст.
Шаклҳои зуҳури ин падидаи номатлуб аз рӯи хусусиятҳояш гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дар шаклҳои гуногун зуҳур мекунад. Имрӯзҳо дар марҳилаи ҳассоси печидаи ҷаҳони муосир миллати сарбаланди мо метавонад бо мафкураи миллӣ ва заковати азалӣ худро аз ин хатарҳо дуртар нигоҳ дорад. Мардуми шарифи тоҷик дигар намегузорад, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои 90-уми қарни гузашта халалдор намояд.
Имрӯз мо бояд ба масъалаи тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон ва ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон