Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки муовини раиси ноҳия Рашидзода Махфират Мансур ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод ва Баҳор дар муассисаҳои таълимии № 40, 17, 31, 18 бо волидон, омӯзгорон, фаъолон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта суҳбату вохӯриҳо доир гардид.
Ҷамъомадро Рашидзода М., – муовини раиси ноҳия, роҳбари гурӯҳи корӣ ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои муҳими ояндасози мамлакат арзёбӣ намуда, қайд намуданд, ки “бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаҳои таҳсилоти умумиро таъмин менамояд”. Инчунин, оид ба нақшаҳои МИҲД дар самти рушди соҳаи маориф бахусус дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баён доштанд. Ҷиҳати эълон гардидани солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, дар бораи рушди соҳаи иҷтимоӣ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мақоми хоса дошта, барои дастгирии соҳаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Ҷомаҳмадзода Б., – сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳиязимни суханронӣ қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ру оварда чунин таъкид намуданд, ки ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони мамлакатро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ суботӣ сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Мо аз ҷавонони кишварро зарур аст, ки сазовори боварии сарвари давлат бошем.
Дар рафти суҳбату вохӯриҳо мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Азизова Басонат, диққати ҳозиринро доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар ҷалб намуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Давлатзода Раъно – мудири бахши кор бо занон ва оила зимни суханронӣ, оид ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии оила, модару кӯдак ва мавқеи зан дар ҷомеа, суханронӣ намуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод