Бо ибтикори Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Рогиф, Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик, бо ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнати ба ватан бозгашта ҷиҳати Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», инчунин, оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бахусус терроризм ва экстремизм ва машварат оиди муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсия Россия, таҳлили ном ва насаб пеш аз сафар, огоҳӣ аз таъриху фарҳанг, донистани забони русӣ, танзим ва ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои будубош ва тарзи гирифтани иҷозаи кор (патент) дар қаламрави кишвари зикргардида, суҳбат ва андешаронӣ карда шуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳангоми будубош дар Федератсия Россия аз ҳамкорӣ ва шиносоӣ барои ба даст овардани маблағи калон ё муфт, ваъдаи кор дар давлатҳои Аврупо бо маоши хуб, бо ҳаргуна афроди ношинос, бахусус дар шабакаҳои интернетӣ худдорӣ намоянд. Зеро дар шароити имрӯза, ҳастанд нафароне, ки бо чунин ваъдаҳои пучу холӣ ва амсоли инҳо мардумро, бахусус муҳоҷирони меҳнатиро ба доми худ кашидаву онҳоро бо чунин роҳҳо, ҳамчун туъмаи хом истифода мебаранд.
Аз ин хотир ҳифзи ҷавонон, аз чунин гурӯҳу равияҳо, шахсони гумроҳгаштаву аз илму маърифат дур монда, вазифаи ҳар нафари худогоҳу ватандӯст ва меҳанпараст мебошад, метавонад бо мафкураи миллӣ ва заковати азалӣ аз ин хатарҳо дуртар нигоҳ дорад. Бояд қайд кард, ки чунин як чорабинӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз деҳаи Зархез аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ гузаронида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд