Модар, барои ман азизу меҳрубон ва қиммати дунё ҳаст. Он қадар ба ту меҳр дорам, ки аз қудумат шавқам ба зиндагӣ зиёдтар мегардад. Модар, туро дӯст медорам ва зистан бе ту бароям маъное надорад. Ҳастиро бе дидори шумо тасаввур намекунам. Дидор бо шумо бароям умедбахшу рӯҳфизост.
Имрӯзҳо танҳо ба хотири меҳрат зиндагӣ мекунам. Оре, танҳо бо он меҳре, ки маро ба дунё овардӣ, моро ба баду неки ҷаҳон ошно кардӣ. Модар, хушбахтии худро аз нигоҳат мебинам. Аз нигоҳе, ки дар он меҳр аст, аз суханоне, ки дар он панд аст ва аз гуфторҳое, ки дар он муҳаббату садоқат аст.
Модар, аз доманат навозиш мехоҳам, навозише, ки маро ба дунёи кӯдакӣ мебарад. Модар, меҳоҳам, ки ҳамеша зинда бошӣ, бо ман бошӣ! Маҳз шумоед, ки зиндагӣ бароям рангину гуворост. Ҳастии шумо хонаи моро ободу хотираҳоямро шод мегардонад, зеро беҳуда нагуфтаанд, ки «Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад».
Дар ҳақиқат ҳам дунё бо тамоми қисматҳову сарнавиштҳои пуртазодаш дар панҷаҳои нозуки модар қарор дорад.
Модар, медонед дар ҳар як калима оби чашми ман ниҳон аст, ки дилам ба рўзгорат месўзад, гарчанде шабу рўз бароят хизмат намоям ҳам ба як шабе, ки гаҳвораи маро ҷунбондед, баробар намегардад. Модарҷон, дар Иди бузург – иди фархунда дуогӯи шумоям ва ҳаргиз дарди фарзандро набинед.
Нилуфар Хайруллоева,
Мутахассиси пешбари Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати дар ВМКБ