Асри XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеъоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ мекунад. Гарчанде, ки падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифтааст, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро ба худ касб намудааст.
Терроризм низ падидаи нав нест. Нишонаҳои он дар давраҳои пеш мавҷуд буд, аммо дар замони муосир он тарзу усулҳои навро ба вуҷуд овардааст. Терроризм яке аз он масъалаҳоест, ки диққати ҷаҳониёнро моили худ сохтааст. Он борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи мудаввар овардаасту ҳадафу самти фаъолияти ташкилоту созмонҳо фарогири ин вабо гардидаанд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф нашудааст, балки рӯз аз рӯз тараққӣ ёфта ҷонибдорони зиёдеро пайдо намудааст.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон фаъолияти чунин гурӯҳҳои экстремисти террористиро чи дар дохил ва чи дар хориҷ манъ намудааст.
Имрӯзҳо низ ҳастанд он гурӯҳои ифротгаро, ки хоҳони халалдор намудани вазъи имрӯзаи кишварҳоро доранд ба монанди (гурӯҳи террористии бо ном давлати Исломӣ, гурӯҳи терррористии Ихвонул-муслимин, гурӯҳи Ҷабҳат-ун-нусра, Толибон, Гурӯҳи 24, Паймони миллии Тоҷикистон, гурӯҳи салафии таблиғ ва ҷиҳод) ва ғайраҳо ки ҷавонон муҳоҷирони меҳнатиро бо ваъдаи ночиз ба гирдоби фиребу гумроҳи ҳамроҳ менамоянд. Тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дида истодаем, ки бар асари ҳамлаҳои ин гурӯҳҳо чи қадар кӯдакону ҷавонон махсусан аҳолии осоишта кушта шуда истодаанд. Ҷангидан ва ҳамроҳ шудан ба ин гурӯҳҳоро ҷавонони дорои пасти тафаккур дошта Ҷиҳод баён намуда ба он ҳамроҳ мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 7-декабри соли 2015 дар Иҷлосияи сеюми фавқулоддаи Созмони Конфронси исломӣ дар шаҳри Москва дар суханронии худ таъкид намуда буданд, ки «террорист» дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонҳои нораво мо ҳама давлатҳои мусулмонӣ бо падидаҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломро пиёда месозанд.
Аз ин хотир моро зарур меояд, ки ба қадри ин тинҷиву оромии соҳибистиқлолии Ватан бирасем ва ин неъмати нодирро ҳифз намоем ва нагузорем нохалафе онро халалдор намояд.
Ғайбуллоев Б,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ