Экстремизм ва терроризм зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди онҳо қарзи ҳар як инсони соҳибақлу соҳибандеша мебошад. Зеро зуҳуроти ғайриинсонӣ дар умум ба оромию амнияти сайёра ва пойдориву бақои давлатҳо таҳдид карда, осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезананд, ки дар натиҷа ҳаёти кулли ҷомеаи башарӣ зери хатар мемонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ мардуми сайёраро ба решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб даъват намуда, таъкид доштанд, ки террорист Ватан, миллат ва дин надорад.
Дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм бояд аҳли ҷомеа ҳамдаст ва иттифоқ бошанд. Яке аз роҳу усулҳои муқовимат ба экстремизму терроризм, ин пешгирӣ намудани ҳурофотпарастӣ, зиёдаравии динӣ (фанатизми динӣ), бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ба фарҳанги миллӣ хатари ҷиддӣ ва ба суботи ҷомеа халал мерасонад, мебошад.
Дигар роҳи асосии пешгирии терроризму экстремизм, ин дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон, ҷалби онҳо ба илмомӯзиву донишандӯзӣ ва тақвияти маърифати ҳуқуқию шуури сиёсии шаҳрвандон мебошад.
Хулоса, дар мубориза ва муқовимат ба терроризму экстремизм, ки ҷомеаро ноором ва боиси ҳалокати шахсони бегуноҳ мегардад, ҳеҷ кас бояд бетараф набошад, чунки мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб кори дастаҷамъист.
Сафаров Фаридун,
Мутахассиси пешбари Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе