Давлати дорои ояндаи пурсаодат ҳамон кишвареро метавон ном бурд, ки наслҳои ояндаи он тарбияи хуб дошта, сазовори боварию умедбахшанд. Таълиму тарбияи чунин наслҳои ояндасоз танҳо дар доираи арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ имконпазир аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» чунин шакли тарбияро имконпазир гардонидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таълиму тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеа нақши муассир дошта, дар ташаккули худшиносӣ, сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбад. Ин иқдоми созандаю саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи ҷинояткориро миёни ҷавонон кам ва даст задан ба ҳама гуна зуҳуроти номатлубро пешгирӣ намуд. Тарбия-аслан кори дастаҷамъона ва кори пурмашаққат ба шумор меравад, бинобарин дар доираи талаботи қонуни мазкур ҳамкории тамоми муассисаҳои таълимӣ бо волидайн вусъат гирифта, кулли ниҳодҳои давлатӣ ҳамкории зичу самаранокро бо падару модарон ба роҳ монданд. Вазифаи ҷонии ҳар як падару модарро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар моддаҳои худ асоснок намудааст.
Дар ин росто ёдовар шудан ба маврид аст, ки сарчашмаи асосии ин ташаббус, яъне қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки нахуст бо ҳамин унвон қабул гардида буд, меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мамлакат мебошанд. Қонуни мазкур 2 августи соли 2011 таҳти №762, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат буд, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст.
Ҳамзамон, қайд намуд, ки парлумони Тоҷикистон бо дарназардошти боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, барои соддаву оммафаҳм ва ба таври васеъ танзим намудани муносибатҳо оид ба таълиму тарбияи кӯдак, ҷавобгӯ ба талаботи замон шуданаш аз 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар таҳрири нав қабул гардид, ки қонуни мазкур аз 7 боб ва 25 модда иборат мебошад.
Қонуни нави қабулгардида, масъулияти падару модарро нисбати таълиму тарбияи кӯдак дучанд менамояд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавият масъулияти асосӣ бар дӯши падару модар аст. Зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии кӯдак қарор доранд, фарзандон дунёро бо чашму дили онҳо мебинанду мешиносанд ва муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи падару модар муайян мекунанд. Усулан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии инсон як умр боқӣ мемонад”.
Инчунин, дар таълиму тарбияи фарзандон дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа таълиму тарбия рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳар яке мо миллати худ, Ватани худро дӯст дорем ва эҳтиром намоем, бояд ба қадри арзишҳои миллати худ расем ва дар масъалаи муҳимтарини зиндагӣ таълиму тарбияи фарзандон бетафовут набошем. Онҳоро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ тарбия намоем ва ба илму касбомӯзиашон бештар диққат дода, онҳоро дар ин рӯҳия ташвиқ намоем. Зеро фарзанди солеҳу хушахлоқ, донишманд, ба арзиши маънавии давлат ва сармояи зеҳнии он дохил гардида, сатҳу сифати маърифатнокии ҷомеа ва қудрати давлатро муайян месозад.
Тошмухамедова Шаҳноза,
Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират