Вазъи ҷаҳони муосир оид ба доман паҳн намудани амалҳои номатлуби ифротгароёнаи экстремизму терроризм, ки бо ҳар роҳу восита аҳли башарро ба ташвиш овардааст, ҳеҷ як нафар инсони солимақлу соҳибиродаро бетараф гузошта наметавонад. Тоҷикистони азизи мо, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ даҳшати ин амали ғайриинсониро аз сар гузаронидааст, дар мубориза бо он ҳамеша пешсафу фаъол мебошад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, ки он асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, ки он принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, далели ин гуфтаҳост.
Ҷиҳати моҳиятан дарк намудан ва иҷрои ин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ фаъолияти якҷояи масъулин ва аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ, хоса субъектҳои иҷрокунандаи қонунҳо, ки дар онҳо дарҷ шудааст, хеле муҳим мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксар ҷавонони сустиродаву донишу таҷрибаи кофӣ надошта, фирефтаву гумроҳи гурӯҳҳои нохалафу ифротгаро мегарданд, ки дар муҳоҷирати меҳнатианду илм ва ҳунари муайян надоранд.
Аз ин лиҳоз, падару модаронро зарур аст, ки фарзандонро дар роҳи илмомӯзӣ, хондани китоб ва ё азхуд намудани касбу ҳунар, ки барои таҳсилу ҳунаромӯзӣ тамоми шароитҳо муҳайё мебошад, ҷалб намоянд. Ҷавононе, ки соҳибилм ва ё соҳибкасб ҳастанд ҳеҷ вақт зархариди касе намешаванд.
Одинаев Темур,
Сармутахассиси шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе