Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинон ва таҳкими ҳамкории ҷомеа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус мулоқоти навбатӣ бо сокинони ноҳияи баргузор гардид.
Дар мулоқоти навбатӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ширкат варзида, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз – аз ҷумла, пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, тағйироту иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва муқовимат ба коррупсия – суханронӣ намуд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, нақши оила, мактаб ва муҳити иҷтимоӣ хеле муҳиму зарурӣ арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, ба иттилои сокинони ноҳия расонида шуд, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.
Таъкид гардид, ки агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд:
1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад;
2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд.
Инчунин, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонанд то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зиннаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд.
Қайд гардид, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР дар самти муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон, иштирокчиён оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак” маълумоти муфассал гирифта, аз ҷумла, масъулияти волидайн, омӯзгорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таълиму тарбияи насли наврас мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Масъалаи мубориза бо коррупсия низ дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифта, таъкид шуд, ки таҳкими фазои шаффоф ва эҳтиром ба қонунгузорӣ, амали муштарак ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ин самт аҳамияти калидӣ дорад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон