Терроризм падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Дар ҷаҳони имрӯза рӯз то рӯз шумораи гурӯҳҳои муташаккили террористиву ифротгароӣ меафзоянд, ки ҳангоми шунидани ин мафҳумҳо халқи осоишта безобита мегарданд ва ин масъала боиси нигаронӣ аст.
Дар марҳалаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин иддае мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти гӯё “динӣ” онҳоро бар зидди Ҳукумату давлат ва ҳатто, аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онҳоро қаҳрамонӣ мехонанд, равона месозанд ва мехоҳанд, ба ин васила, бар ҳадафҳои нопоки хеш бирасанд.
Ҳар як кишвар хусусан давлатҳои пешрафтаву абарқудрат ба хотири мустаҳкам кардани мавқеъ, пойдор нигоҳ доштани амният ва мақоми сиёсиву иқтисодии худ ба андозаи бесобиқа кӯшиш мекунад. Аз ин лиҳоз, мо низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин раванди хеле мураккаб ва пурҳаводис бояд натанҳо асолати миллии худро ҳифз намоем, балки бо заҳмати созанда ва содиқонаву софдилона рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати соҳибистиқлоламонро таъмин созем.
Дар заминаи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии ваҳдати миллӣ ҷумҳурии мо мушкилоти зиёди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро аз сар гузаронд, ки боиси хисороти зиёди пулию молиявӣ гардид. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, бахусус терроризму ифротгароӣ пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдор гардидани ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комилро таъмин намоем.
Сафаров Фаридун,
Мутахассиси пешбари Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе