Дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба аҳамияти оила, маърифти оиладорӣ ва роҳҳои пешгирии пошхӯрии оилаҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Ин мавзуъ на танҳо як масъалаи иҷтимоӣ, балки омили муҳими таъмини суботи ҷомеа ва рушди устувори кишвар мебошад.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки “фарзанд тарзи дурусти оиладорӣ ва муносибату муоширатро бевосита аз падару модари худ меомӯзад”. Ин ишора ба он аст, ки оила мактаби аввалини тарбияи инсон аст. Маърифти оиладорӣ, аз ҷумла омӯзиши эҳтироми якдигар, сабру таҳаммул, масъулиятшиносӣ ва идораи дурусти муносибатҳои оилавӣ, барои пойдории оила нақши калидӣ дорад. Ба гуфтаи Пешвои миллат, яке аз сабабҳои асосии низоъ дар оилаҳои ҷавон омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона аст. “Иддае аз падару модарон фарзандонро ба зиндагии мустақилона дуруст омода намесозанд, онҳоро соҳиби касбу ҳунар намекунанд ва дар тафаккурашон сабру таҳаммулро ҷой намедиҳанд”. Ин нукта нишон медиҳад, ки барои баланд бардоштани маърифти оиладорӣ на танҳо худи ҷавонон, балки падару модарон ва ҷомеа низ бояд масъулият эҳсос кунанд. Барои тақвияти маърифти оиладорӣ, Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат як қатор тадбирҳо андешидааст. Аз ҷумла, таъсиси марказҳои омӯзишӣ, баргузории семинарҳо ва чорабиниҳои маърифатӣ барои ҷавонон ва оилаҳо дар шаҳру ноҳияҳо афзоиш ёфтааст. Инчунин, тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаҳои иттилоотӣ роҳандозӣ мешаванд, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум мусоидат мекунанд.
Пошхӯрии оилаҳо, бахусус дар байни ҷавонон, дар солҳои охир ба як мушкили ҷиддии иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат дар ин бора изҳори нигаронӣ карда, таъкид намудаанд, ки “афзоиш ёфтани ҷудошавии оилаҳои ҷавон солҳои охир боиси ташвиши ҷиддии аҳли ҷомеа гардидааст”. Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисон, сабабҳои асосии ин мушкили дар омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, набудани малакаҳои идораи низоъҳо ва таъсири омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили муҳоҷирати меҳнатӣ ва фишорҳои молиявӣ, зоҳир мегарданд. Барои пешгирии пошхӯрии оилаҳо, Пешвои миллат чандин пешниҳод ва дастур додаанд, ки баъзе аз онҳо иҷро шуда, натиҷаҳои мусбат ба бор овардаанд. Масалан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” яке аз тадбирҳои муҳим буд, ки ба коҳиши хароҷоти оилаҳо, бахусус оилаҳои камбизоат, мусоидат кард. Ин қонун “имкон дод, ки хароҷоти оилаҳо кам ва маросиму маъракаҳо ба меъёри муайян дароварда шаванд”. Дар натиҷа, бори молиявии оилаҳо сабуктар шуда, яке аз омилҳои низоъи оилавӣ коҳиш ёфт. Илова бар ин, Пешвои миллат ба аҳамияти таҳсил ва касбомӯзии духтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир кардаанд. Онҳо қайд кардаанд, ки “ҳар як духтар бояд баробари писарон таҳсил намояд, дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва соҳиби хушбахтии ояндаи хеш гардад”. Ин дастур ба он нигаронида шудааст, ки занони соҳибмаърифат ва мустақили иқтисодӣ метавонанд дар таҳкими оила нақши муҳим бозанд ва аз вобастагӣ ба омилҳои беруна эмин бошанд.
Маърифти оиладорӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳо аз масъалаҳои муҳимест, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат мавқеи марказӣ дорад. Паёмҳои Пешвои миллат нишон медиҳанд, ки таҳкими оила на танҳо масъулияти шахсии ҳар як фард, балки вазифаи аҳли ҷомеа аст. Тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ, таъмини баробарии гендерӣ, коҳиши фишорҳои иқтисодӣ ва эҳёи арзишҳои миллии оиладорӣ метавон ба суботи оилаҳо ва дар маҷмӯъ, пешрафти ҷомеа ноил гардид.
Хулоса, тарбия дар сурате муваффақият пайдо мекунад, ки он ба сиёсати иҷтимоӣ такя кунад, зеро таъминоти моддӣ, руҳияи солимии маънавӣ, дараҷаи баланди маърифати одамон ба мустаҳкам гардидани оила мусоидат мекунад.
Тошмухамедова Шаҳноза,
Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират