Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки муовини раиси ноҳия Рашидзода Махфират Мансур ва дигар намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи Дашт ва Мискинобод дар муассисаҳои таълимии № 9, 10, 11 ва 25-52 бо падару модарон, омӯзгорон, фаъолон, хонандагон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, суҳбату вохӯриҳо доир гардид.
Дар чорабинӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш сухан намуда қайд кард, ки мо ҷавононро зарур аст, ки баҳри пойдору устувор нигоҳ доштани сулҳу суботи Ватани азиз, иштироки ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ширкат варзидан дар стипендияи Президентӣ, фаъол бошанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад. Марзубуми ин Ватани муқаддасро нигоҳ бояд дошт.
Давлатзода Р., – мудири бахши кор бо занон ва оила суханронӣ карда, қайд намуд, ки баҳри баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, баробарҳуқуқии мардону занон, муарифи кардани ҳунарҳои занони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.
Имрӯзҳо бонувони тоҷик дар соҳаҳои маориф, тандурӯстӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил медиҳанд ва зарур аст, ки баҳри дар тамоми самтҳои фаъолият, аз ҷумла муассисаҳои бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд. Бояд мо занону духтарон барои баланд бардоштани номи зани тоҷик дар тамоми кишварҳо, тарғибу ташвиқ ва тарзи пӯшидани либосҳои миллӣ ҳамеша саҳмгузор бошем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доимо дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешавад.
Азизова Басонат – мудири бахши Хадамоти муҳоҷират, баромад намуда, ба таваҷҷуҳи сокинони ноҳия расонид, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 вобаста ба ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуда, барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки мушкилот дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳои будубош доранд идома дорад.
Фармони мазкур имконият медиҳад, ки то 10 сентябри соли 2025 ҷиҳати ба расмиятдарории фаъолияти меҳнатӣ ба мақомотҳои салоҳиятдор муроҷиат намуда, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки шаҳрвандон вобаста ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шӯъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намоянд.Ҳамзамон, ба маълумоти сокинон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР дар самти муҳоҷират бо рақамҳои зерин дар тамос бошанд:
Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44, +7 (999) 912-58-68 шабакаи иҷтимоии “WhatsApp. Инчунин, дар рафти вохӯрӣ дар масъалаи истифодаи қувваи барқ, сари вақт пардохт кардани маблағи барқ, сарфаю сариштакорӣ, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва истифодаи нодурусти қувваи барқ сухан рондан шуд.
Мирзоева Кимиё- мудири шуъбаи маорифи ноҳия баромад намуда, оиди қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ” пушидани сару либоси ягона, тозагии синфҳо, робитаи мактаб бо волидайн ва дигар масалаҳо сухан намуданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод