Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ дар деҳаи Махшевади ҷамоати деҳоти Фондарё, бо фаъолони деҳа, кумитаҳои маҳал ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, вохӯрии навбатӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Мукаррамзода Ф., мудирони бахши занон ва оилаи назди МИҲД- и ноҳия Халифаева С., бахши дин ва танзими ҷашну маросим Шодиев Ш., шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ Хокироев М., ва бахши Хадамоти муҳоҷират Ғайбуллоев Б., иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон доир ба муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва “ Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (моддаи 382-“Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гарми”), сухан ронда, таъкид намуданд, ки масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби терроризму ифротгароӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муққадасоти давлатӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон дорои аввалиндараҷа мебошанд.
Сипас мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Ғайбуллоев Б., қайд кард, ки дар ҷаҳони имрӯза дар ҳамагуна давлатҳо таҳдиди терроризм ва экстремизм вуҷуд дорад ва пешгирӣ аз ҳамин гуна вабои аср давлатҳои ҷаҳонро водор сохтааст, ки созмону ташкилоти гуногунро таъсис диҳанд.
Дар суханҳои худ доимо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки террорист Ватан, модар, дин, забон надорад ва мақсаду ҳадафи онҳо халалдор намудани ҷомеа ва несту нобуд намудани аҳолии осоишта ва ғайра мебошад.
Инчунин, мавриди зикр аст, ки онҳо бо роҳи фиреб, ваъдаи маблағи барзиёд ва таъмин бо ҷойи кори сердаромад ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва табақаи аҳолие, ки сатҳи дониш, тафаккур ва ҷаҳонбинии суст доранд ҷалб намуда, ҳамагуна ҷиноятҳои вазнинро анҷом медиҳанд.
Барои эмин доштани худ аз доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар табақаи ҷомеаи аҳолӣ бояд аз вожаҳои терроризм, экстремизм ё террорист кист? Кадом гурӯҳҳои ифротӣ мавҷуданд маълумот дошта бошанд. Ҳангоми муҳоҷират дар хориҷа ба ҳар гуна шахсони алоҳидаи ношинос ва шубҳанок, ки маблағи зиёдро ваъда дода, бо ҳар роҳ дили онҳоро гарм намуда ба гурӯҳҳо ҳамроҳ менамоянд, бовар накарда, аз онҳо дӯрӣ ҷуянд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз тарафи шахсони ба онҳо ношинос паёмакҳои шубҳанок ворид мешаванд ҷавоб надиҳанд.
Ҳамзамон, ба самъи сокинони ноҳия ва ҷамъомадагон дар сурати гирифтор шудан ба ҳар гуна мушкилӣ тавсия дода шуд, ки ба сохторҳои дахлдор муроҷиат намоянд ва ба муҳоҷирони меҳнатие, ки дар хориҷи кишвар фаъолият менамоянд тавсия дода шуд, ки дар ҳолати ру ба ру шудан ба чунин ҳолатҳои номатлуб ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Сафорату Консулгарҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР муроҷиат намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ