Хотиррасон менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, чораҳои судманд андешида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби масъулин ба воситаи раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, Кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолони ноҳия дар маркази деҳаҳо бахусус ҷойҳои серодам корҳои таблиғотӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ба роҳ монда шудааст.
Дар ин асно, тибқи барқияномаи сардори Хадамоти муҳоҷират аз 19-уми майи соли 2025 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба 23 – май “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва 25–май “Рӯзи ҷаҳонии футбол” санаи 22 – юми майи соли равон дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Парчами миллӣ”-и ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҳудуди ноҳия баргузор гардид, ки дар рафти он масъулин иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки майдони Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Парчами миллӣ” бо шиору овезаҳо овезон гардида, дастовардҳои ҳунармандони ноҳия ба маърази намоиш гузошта шуда буд.
Дар ин замима, масъулин дар рафти ярмаркаи мазкур суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки “Андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад”.
Илова бар ин, масъулин ибрози назар карданд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои шаҳрвандонро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои шаҳрвандон пайваста таъмин месозанд.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки дар ярмаркаи мазкур аз ҷониби 32 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб 148 воҳиди корӣ пешниҳоди корҷӯён гардида, 67 нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуданд. Дар рафти баргузории ярмарка ба 26 нафар тавсиянома ба ҷойи кор дода шуда, 12 нафар бекорон ва муҳоҷирони меҳнатие, ки касбу ихтисос надоштанд, роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд.
Қобили зикр аст, ки дар рафти ярмарка аз ҷониби масъулин ба иштирокчиён варақаҳои таблиғотӣ дар мавзуъҳои “Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй”, “Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем”, “Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)”, “Аз санҷиши ВНМО гузар”, “Мо зидди савдои инсонем”, “Мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон”, “Зӯроварӣ дар оила нисбати занони муҳоҷир”, “Ҷавонон – нерӯи созанда ва ояндаи миллат”, “Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”, “Қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”, “Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд”, “Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия”, дастрас гардонида шуд.
Инчунин, иброз менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва масъулини соҳа ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар минбаъд низ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамоянд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб