Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Дар замонҳои қадим “коррупсия” ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.
Имрӯзҳо, яке аз проблемаҳои замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад. Оид ба ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бисёр фикру ақидаҳо пешкаш шудаанд.
Инчунин, дар яке аз ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид (минбаъд СММ) оид ба мубориза бо коррупсияи байналхалқӣ қайд шудааст, ки коррупсия ин сўйистеъмол аз ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ғаразнок ба манфиати шахсӣ аз тарафи шахси мансабдор аст. Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия соли 2003 Конвенсияи СММ зидди коррупсия қабул карда шуд. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли СММ — 9 декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.
Баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Сабабҳо ва омили асосии густариши коррупсия дар ҷомеаи мо аз як тараф паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он буд. Албатта, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт.
Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират