Терроризм ва экстремизм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: “Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад”.
Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ терроризм ва экстремизмро чунин маҳкум кардаанд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст, ки инро Президенти кишвар дар суханронии худ чунин қайд намудаанд: “Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.
Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар имрӯзҳо аз ҳама бештар терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва он дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад.
Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд.
Ин, пеш аз ҳама, ба хотири суиистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хоинии онҳо дарак медиҳад.
Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки “террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Воқеан терроризм зуҳуроти ниҳоят хавфноки замони муосир буда, бо шаклу тобишҳои гуногун амалӣ мегардад ва пешгӯи кардани он душвор аст. Амалҳои террористӣ боиси ҳалокати одамони зиёд гардида, таъсири шадиди равонӣ эҷод мекунанд ва арзишҳои моддию маънавиро нобуд менамоянд.
Амалҳои террористӣ дар байни кишварҳо тухми адовату душманӣ кишта, низоъҳои мусаллаҳонаро ба бар меоранд ва дар миёни гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ нобоварию бадбиниро ба вуҷуд меоранд.
Терроризм амали зиддиҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидае мебошанд, ки қонуният ва ҳуқуқи давлатро зери шубҳа қарор дода, ба ин васила даст задан ба даҳшатафкани расидан ба мақсадҳои хешро асоснок карданӣ мешаванд.
Зери мафҳуми терроризм ҷинояти дуздидани одам бо мақсади рӯёнидани маблағ, куштор дар заминаи сиёсӣ, усулҳои мудҳиши амалиёти ҷангӣ, рабудани нақлиёт ва силоҳ, яъне истифодабарии қувва фаҳмида мешавад, ки ба муқобили давлат, моликият ва манфиатҳои шаҳрвандон равона гардидааст.
Амалиёти террористӣ сол то сол муташаккил гашта, террористон аз техникаю лавозимоти ҷангии ҳозиразамон васеъ истифода мекунанд. Дар минтақаҳои гуногуни олам гурӯҳҳои радикалии сиёсӣ ва миллӣ даст ба усулхои мусаллаҳонаи террор зада, барои расидан ба ҳадафҳои худ шабакаҳои муташаккили пинҳонкорӣ, анборҳои силоҳу моддаҳои таркандаро таъсис медиҳанд.
Дар баробари ин, муассисаҳои молиявиро ташкил медиҳанд, ки сарчашмаи маблағгузории терроризм ба шумор мераванд. Аз ҳамин лиҳоз, барои муборизаи самаранок бо ин зуҳуроти ниҳоят хавфнок ҳамкории ҳамаи давлатҳо дар сатҳи олӣ ва таъсиси ташкилоти байналмилалӣ оиди мубориза бо терроризм зарур мебошад.
Норбоев Дамир,
Корманди бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт