Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат кафолати истиқлоли миллӣ, истиқлоли фарҳангӣ ва зиндагии шоистаро таъмин менамояд. Ҳар миллате, ки аз ин неъмат бебаҳра аст, монанди парранди беболу пар аст.
Имрӯз дар ҷаҳон миллатҳое умр ба сар мебаранд, ки таърих ва фарҳангу тамаддуни қадима доранд, аммо истиқлоли давлатӣ надоранд. Давлатҳои онҳо ё қисман эътироф гардидаанд ё умуман эътироф нашудаанд. Ҳамчунин миллатҳое мавҷуданд, ки дори таърихи бою рангин буда, аммо аз неъмати давлатдории миллӣ бенасибанд.
Аз ҷумла, курдҳо, баскҳо, тибетиҳо, сикҳҳо ва якчанд қавму миллатҳои дигар. Ҳамаи ин қавму миллатҳо дар тӯли таърих бо сабабҳои гуногун аз марзи кишварҳои худ дур афтода ё аз ҳуқуқи давлатдорӣ бенасиб монда, то имрӯз сарсону саргардон ҳастанд.
Аз ҷумла, миллати курд имрӯз тақрибан дар чанд давлтаҳои дунё аз қабили Туркия, Ироқ, Эрон, Сурия, Россия, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Молдова, Озарбойҷон, Афғонистон умр ба сар мебаранд. Қисми бештари курдҳо, ки дар минтақаи муайян ба сар мебаранд, марзи бурдубоши этникиашон, ки ба андешаи онҳо бояд “Курдистони Бузург” унвон бигирад, миёни мамлакатҳои Эрон, Туркия, Ироқ ва Сурия ҷойгир аст, ки онро эътироф накардаанд.
Дар бораи таърихи пайдоиши ин миллат низ фарзияҳо гуногун аст. Абулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволи худ “Шоҳнома” таърихи пайдоиши ин қавмро ба давраи Ажидаҳок (Заҳҳок) марбут медонад. Ба ин монанд чандин қавму миллатҳое мавҷуданд, ки бо вуҷуди доштани таърихи бою рангин, бо мурури замон аз неъмати давлатдорӣ бенасиб мондаанд.
Заминаҳои расидан ба Истиқлоли давлатӣ барои кишвару миллати тамаддунофари мо, барои мардуми соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи тоҷик гуногун буданд.
Аммо, чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, маҳз ормони қариб ҳазорсолаи халқи мо барои аз нав бадастории соҳибистиқлолӣ моро ба ин бузургтарин неъмати давлатдорӣ расонид, зеро “Решаҳои Истиқлоли мо ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд!”».
Мо дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ барои таъмин, ҳифз, таҳким ва равшан сохтани дурнамои Истиқлоли давлатӣ аз фишангу воситаҳо ва механизмҳои гуногуни аз ҷиҳати илмӣ асоснок истифода намудем.
Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз нигоҳи мо, маҳз дар иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон, баъди ба ҳайси Сарвари давлат – Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин воситаю механизмҳо ба таври мушаххас муайян карда шуда, раванди воқеии таъмини соҳибихтиёрию истиқлоли давлатиии Тоҷикистон шуруъ гардид. Каме дертар бошад, масъулияти бузурги таърихиро бар дӯш гирифта, Сарвари давлат дар муроҷиатномаи худ ба халқи кишвар аз 12 декабри соли 1992 барномаи хеле мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ берун овардани Тоҷикистон ва таъмини истиқлоли давлатиро пешниҳод сохт, ки дар таърихи навини халқи тоҷик ба ҳайси як санади сарнавиштсоз хизмат намуд.
Минбаъд низ, тамоми саъю кӯшишҳои Пешвои миллат, фаъолияти сиёсиашон чун Сарвари давлат танҳо ба таъмини соҳибистиқлолии Тоҷикистон нигаронида шуда буданд. Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои муаззами мо барҳақ таъкид доштаанд, ки “Имрӯз бо сари баланд метавонем бигӯем, ки тамоми корҳоро танҳо ба хотири таҳким ва устувор намудани пояҳои Истиқлолияти давлатиамон анҷом додем”.
Барои нигоҳ доштани ваҳдату ягонагии миллӣ саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калон буда, маҳз таҷрибаи сулҳофарии ӯ миллатро аз вартаи нестшавӣ наҷот дод. Миллате, ки дар тӯли таърихи дароз аз имтиҳонҳои бузургу сарнавиштсоз гузашта буд, ин дафъа хомӯширо ихтиёр накард, садо баланд кард, ки мо барои доштани давлати миллӣ ва Истиқлоли миллӣ комилан ҳақ дорем ва касе ҳақ надорад, моро аз ин неъматҳои бебаҳо маҳрум созад.
Аз ин рӯ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлатиро ҳамчун арзишҳои абадии башарият ва ҳадафи волотарин барои давлатҳои муосири миллӣ, хусусан барои Тоҷикистони азиз арзёбӣ намуда, таманнои он мекунем, ки кишвари биҳиштосои мо ҷовидона озоду обод, мустақилу соҳибихтиёр бошад ва сокинони он ҳамеша хушбахту саодатманд монда, барои хизмат ба чунин Ватани беназир ҳар лаҳзаву ҳар соат камари ҳиммат баста бошанд.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон