Яке аз самтҳои асосии кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мебошад.
Дар ин радиф шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар кумитаи маҳаллаи “Содирхон Ҳофиз”-и шаҳри Хуҷанд бо шаҳрвандони фаъоли маҳалла корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ ҷомеъа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ватан баргаштаанд, доир ба эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватан, ҳимояи он аз таҳдиди хатарҳои муосир, мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, вохурӣ вобаста ба гаравиши ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, терористиву экстремистӣ, ҷиноӣ, нашъаҷаллобӣ иттилоъ дода шуда, даъват гардид, ки аз ҳар гуна гурӯҳҳои мухолифатангез дурӣ ҷуста, аз бемориҳои сироятшаванда худ ва аъзои оилаи худро эмин нигоҳ доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.
Ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки бо худ бурдани Ҳазориспанд ба Федератсияи Россия манъ карда шудааст дар Федератсияи Россия хазориспанд ба рӯйхати гиёҳҳои мамнӯъи маводи мухаддир шомил шудааст. Сарвазири Россия Михаил Мишустин ислоҳот ба қарор дар бораи феҳристи маводи мухаддире, ки таҳти назорати давлатӣ қарор доранд, имзо кард.
Ба руйхат моддаҳои нав дохил карда шудаанд. Ба феҳристи гиёҳҳои мамнӯъ чунин гиёҳҳо, аз қабили Turbinate corymbose, инчунин Ҳармала, ё тавре, ки дар Тоҷикистон мегӯянд, Хазориспанд дохил мешаванд. Онҳо дорои алкалоидҳои психотропӣ мебошанд. Аз ин рӯ, қисмҳои онҳо дар тибби халқӣ ва анъанаҳои шаманӣ истифода мешаванд.
Онҳо бо пешниҳоди ВКД “бо мақсади пешгирӣ аз парвариш ва муомилоти ғайриқонунии онҳо дар қаламрави Федератсияи Россия” ба “Рӯйхати растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо ва таҳти назорат қарордошта дар Федератсияи Русия” ворид карда шуданд.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои парвариши гули машҳури боғи русӣ, яъне шукӯҳи субҳ, тибқи қарори ҳукумат, ки Мишустин имзо кардааст, ҷорӣ карда шудааст, менависад РБК. Сабаб дар он аст, ки дар тухми ин растанӣ моддаҳои галлюиногенӣ мавҷуданд. Тибқи матни ҳуҷҷат, парвариши даҳ ё зиёда бехи шӯҳрати субҳ тибқи модда ҷазо дода мешавад.
Моддаи 231-и Кодекси ҷиноӣ (Парвариши ғайриқонунии растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ). Ҷазои ҳадди аксар тибқи ин модда то ҳашт соли зиндон аст. Аз 10 то 100 бех гул руёндани чинояти калон, зиёда аз 100 бех ҷинояти махсусан калон хисоб карда мешавад.
Ҳамзамон, чунин як вохӯрии судманд бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан бо шаҳрвандон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта чорабинии маърифатӣ баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд