Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми мардуми сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони мо, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳамаи қитъаҳои олам тамоюли паҳншавӣ дорад, терроризм ва экстремизм мебошад.
Терроризм ва экстремизм зуҳуроти нав нестанд. Нишонаҳои он дар давраҳои пеш мавҷуд буданд, аммо дар замони муосир он тарзу усули хоссаи худро ба вуҷуд оварда, зарараш аз ҳама зуҳуротҳои дигари мавҷуда бештар аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки “Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.
Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва экстремизм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигар таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд ва дар ин робита чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмӯаи пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро амалӣ менамояд.
Бо мақсади идомаи фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазир бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи давлатӣ аз 1 уми июни соли 2021 “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021‐2025” ва Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи мазкур таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Таъмини иҷрои талаботи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021‐2025” дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби экстремистиву террористӣ, бахусус ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани пайравони он, таъмини амнияти давлат, тафтишу таҳқиқ ва пешбурди чорабиниҳои маҷмӯии оперативӣ ҷустуҷӯӣ ба зиммаи ҳамаи субъектони бо экстремизм ва терроризм муборизабаранда ва дар он иштироккунанда вогузор карда шудааст.
Дар охири асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бо терроризмро бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” ва соли 2003 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо ифротгароӣ” муайян кард. Дар Стратегияи миллӣ самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризм муайян карда шуда, вазифаҳои мақомоти давлатӣ оид ба рафъи омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда муайян карда шудаанд. Дар муаррифии ин ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки “Таҷрибаи байналмилалӣ ва дохилии муқовимат бо экстремизм ва терроризм нишон медиҳад, ки дастёбӣ ба муваффақият дар ин самт таҳия ва татбиқи маҷмӯи чораҳоеро, ки ба безарар гардонидани омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ нигаронида шудаанд, тақозо мекунад. аз фаъолсозии онҳо”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи муттаҳидсозии талошҳо дар мубориза бо терроризм хеле устувор аст ва ҳамеша ҷонибдори рафъи монеаҳои байни давлатҳо бо ҷиноятҳои террористӣ мебошад.
Назарова Сулҳия,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт