Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази шаҳр ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бо иштироки сокинон, аз ҷумла муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ 15 сохтор бо фарогирии 210 нафар шаҳрвандон муҳоҷирони меҳнатӣ суҳбатҳо намуда, ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ–маърифатӣ тақсим карда шуд.
Ҳамзамон, бо муҳоҷирони воридшавиашон муваққатан манъгардида, касбомӯзонию забономӯзонии онҳо, ҷоннок намудани фаъолияти корӣ бо муассисаҳои касбӣ-техникӣ ва Филиали МД “Маркази таълими калонсолони Тожикистон”- и шаҳр тақвияти ҳамкориҳо бо муассисаҳои бокортаъминкунӣ дар хориҷаи сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода шуд.
Инчунин, дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дӯст доштани фарҳанг, таърих ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик, баҳри дар амал тадбиқ намудани “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳифзи расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар хориҷи кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд