Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 санади сарнавиштсоз ва рӯҳбаландкунанда буда, равшан нишон медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ва бо иродаи қавии мардуми заҳматкаш ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мегузорад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд Паёмро ҳамчун роҳнамо дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли зиё хизмат мекунад, истифода барем. Дар Паём масъалаҳои муҳими рушди илм, маориф, тандурустӣ, дастгирии ҷавонон, таъмини амнияти миллӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ҷойгоҳи хоса доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати – миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид намуданд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд аз шароити фароҳамшуда самаранок истифода барад ва дар роҳи ободии Ватан саҳмгузор бошад. Тоҷикистон танҳо дар сурати ҳамбастагии мардум ва заҳмати поки онҳо метавонад ба ҳадафҳои стратегии худ расад. Бо шарофати иҷрои дастуру супоришҳои Паёмҳои солона, давоми солҳои охир Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳими иқтисодӣ ноил гардид. Сохта шудани корхонаҳои нави саноатӣ, рушди энергетика, пешрафти кишоварзӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтор аз натиҷаҳои асосии ин раванд ба шумор мераванд.
Аз Паём то Паём фазои соҳибкорӣ рушд ёфта, имкониятҳои кору таҳсил васеъ гардида, сатҳи зиндагии мардум боло рафт. Президенти мамлакат қайд намуданд, ки давлат ҳамеша дар фикри беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Дар Паём ҳамзамон, ба масъалаҳои саноатикунонӣ, аграрӣ, фарҳанг, сиёсат, тандурустиву беҳдоштӣ, обу иқлим, самаранок истифода намудани қувваи барқ, дар руҳияи худшиносиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ва дигар соҳаву самтҳо дастуру супоришҳо, тавсияҳо ва насиҳатҳои падарона дода шуд.
Дар ин Паём соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардид. Пешвои миллат вобаста ба супоришҳои додаашон бори дигар таъкид карданд, ки агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Дар Паём масъалаи ҳамкории ҳокимияти маҳаллӣ бо ҷомеа ва бахши хусусӣ низ таъкид шуд. Ҷалби сармояи хусусӣ, ташаббусҳои шаҳрвандӣ ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар корҳои ободонӣ ба яке аз вазифаҳои калидии мақомоти маҳаллӣ маънидод гардид.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз буда, самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро барои марҳилаи навбатӣ муайян менамояд. Он бо фарогирии масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳамчун пояи устувори пешрафти миллӣ хизмат намуда, ҷомеаро ба сӯи ояндаи босубот, амн ва обод раҳнамун месозад. Дар заминаи дастуру супоришҳои ин Паёми муҳиму тақдирсоз бо боварии комил зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2026 ба соли татбиқи амалии ормонҳои миллӣ, худшиносии мардум ва густариши корҳои ободонӣ дар саросари кишвар табдил дода, то ин ки ҷашни муҳиму тақдирсози миллат 35 – солагии Истиқлоли давлатии кишварро бо дастовардҳои аз ин ҳам арзандаттар пешвоз гирем.
Ҳамин тавр, дар Паёми Пешвои миллат доир ба тамоми ҳадафҳои стратегӣ, самтҳо, омилҳои рушд, ӯҳдадориҳо, вазифаҳо, роҳнамоиҳо, пешниҳодҳо ва роҳу усулҳо ба хотири пешбурди самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат ба таври васеъ ва равшану возеҳ баррасӣ гардидаанд ва метавон гуфт, ки Паёми навбатӣ ҳамчун дастури роҳнамоест барои пешрафту ободонии Ватани азизамон Тоҷикистон.
Аҳадзода Алишер,
Муовини сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

