Хадамоти муҳоҷират ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар шаҳри Москва ва вилояти он озмоиши рақамикунонии хизматрасониҳо идома дорад. Дар доираи ин озмоиш шаҳрвандони хориҷӣ уҳдадоранд ҷои воқеии зисти худро мустақилона тавассути замимаи мобилии “Амина” ба мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия хабар диҳанд.
Истифодаи замимаи мазкур барои шаҳрвандони хориҷие, ки бо тартиби бераводид бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ворид мегарданд, шарти ҳатмӣ мебошад.
- Ёдрас мекунем, ки ҳангоми истифодаи замимаи “Амина” риояи қоидаҳои зерин ҳатмист:
- фаъолсозии ҳамаи функсияҳои замима;
- сари вақт нав кардани маълумот ҳангоми тағйир ёфтани суроғаи зист;
- мунтазам навсозӣ намудани замима.
– Ҳамзамон, аз амалҳои зерин худдорӣ намоед:
- хомӯш намудани геолокатсия дар смартфон;
- рад намудани насби замима;
- маҳдуд кардани дастрасии замима ба функсияҳои зарурии смартфон;
- зиёда аз 3 рӯзи корӣ хомӯш нигоҳ доштани смартфон.
Инчунин, ҳолатҳое мавҷуданд, ки боиси аз қайд баровардани шаҳрвандони хориҷӣ (иштирокчиёни озмоиш) мегарданд: - хориҷ шудани шаҳрванд аз ҳудуди Федератсияи Россия;
- ба қайд гирифта шудан берун аз шаҳри Москва ва вилояти он;
- набудани маълумот оид ба геолокатсия зиёда аз 3 рӯзи корӣ;
Дар сурати ба миён омадани мушкилиҳо вобаста ба муайянкунии геолокатсия, тавсия дода мешавад ба хадамоти техникии замимаи “Амина” тавассути сомонаи расмӣ ё бо рақами зерин муроҷиат намоед:
+7 (499) 530-56-88
Пайванди зеркашии замима:
https://www.rustore.ru/catalog/app/ru.mos.amina.app
Дастурамал оид ба истифода:
https://rutube.ru/video/4708ac6189471279d8f610c395f6f18e/
https://rutube.ru/video/f9fadbea8cb5313b147da123ed3caf52/
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

