• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Коррупсия – таҳдид ба амнияти иқтисодии давлат

Migration Service by Migration Service
03.04.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Коррупсия – таҳдид ба амнияти иқтисодии давлат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.

Коррупия ба яке аз таҳдидҳои олами муосир табдил ёфтааст, ки амнияти кишварҳо ва минтақаҳоро зери хатар мегузорад. Он кулли мамлакатҳои оламро фаро гирифта, дар ҳар макону замон дар сатҳи мухталиф намоён мешавад. Ҳам дар мамлакатҳои пешрафта ва ҳам дар мамлакатҳои сустинкишофёфта ба таври хоса коррупсияро зоҳир мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарк намудани ин хатар ба коррупсия ҷанги беамон эълон намуд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз 21 июли соли 1999 фармон “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба таҳкими мубориза дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия” нашр гардид. Бо ин фармон дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба таҳияи системаи чорабиниҳое, ки ба таҳкими мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ равона гаштаанд, вазифаҳои мушаххас гузошта шуда будаанд. Пеш аз ҳама Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ Барномаи давлатиро оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия таҳия намояд. Хотимаи мантиқии фармони мазкур он гардид, ки Порлумони кишвар 11 декабри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”- ро қабул кард.

Дар натиҷа қонунгузории мо бори аввал бисёр масъалаҳои бо коррупсия иртиботдоштаро ба низом дароварда, мақоми ҳуқуқиашон муқаррар гардид. Қонуни мазкур муқаррар намуд, ки коррупсия – ин амали шахсе мебошад, ки ба иҷрои корҳои давлатӣ ваколатдор буда, бо истифода аз вазифа ё вобаста ба имкониятҳои мавҷуда соҳиби неъматҳои моддӣ ё манфиатҳои дигар мегардад, инчунин ба дигар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ истифода бурданро аз ин имтиёзҳо ё неъматҳои, ки бо роҳи ғайриқонуни дастёб шудаанд, ҳуқуқ медиҳад. Қонуни мазкур ба беҳшавии вазъи мубориза бар зидди коррупсия дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Бояд қайд кард, ки дар давраи баъди қабули қонуни мазкур бисёр санадҳои байналмилалӣ дар соҳои мубориза бар зидди коррупсия қабул шуда, Созмони Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Рушд соли 2004 –ум тавсияҳои худро оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия қабул намуд. Ҳолатҳои мазкур зарурати ба талаботи ин санадҳо мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи мубориза бо коррупсия”- ро ба миён овард.

Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, ки 25 июли соли 2005 қабул гардидааст ва айни замон амал мекунад, аз қонуни пешина фарқи зиёд дошта, бисёр камбудиҳои онро аз байн бурдааст, яъне коррупсия – ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон    ваъда додан,таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд, муайян кард.

Муқовимат бо коррупсия яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он андешидани чораҳои муҳими сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Тавре дар боло зикр гардид, маҳз бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои асосӣ дар кишвари мо барои мубориза бо коррупсия фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгўй қабул шуда, мақомоти махсусгардонидашудаи давлатӣ –Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуда, Тоҷикистон иштирокчии конвенсияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия мебошад.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегияву барномаҳои давлатӣ, инчунин барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба ҳокимияти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия, кӯшиш ба харҷ диҳем.

Муҳиддинов Сиёвуш,

Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

“Амина” – ёвари рақамии Шумо дар Москва ва вилояти он!

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад

Корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.