Маврид ба зикр аст, ки таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо вохӯриҳои судманд бо сокинону фаъолон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳудуди ноҳия доир гардид, ки дар рафти он мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Олимзода Орифҷон Олим ва дигар аъзоёни гуруҳи корӣ иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз баромад намуданд.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон иброз доштанд, ки дар баробари он ки Паёми Пешвои миллат фарогири тамоми самту соҳаҳои ҳаёти мосту дурнамои мушаххас баҳри беҳтару хубтар сохтани фаъолиятамон, ҳамзамон дар он нуктаҳое дарҷ гардид, ки ба мо илҳоми тоза ва неруи бештар баҳри созандагию бунёдкорӣ мебахшад ва барои беш аз пеш заҳмату талош варзидан водорамон месозад.
Махсусан, таъкидҳои Роҳбари давлат, ки дар Паём ироа гардид, моро водор месозад, ки бо эҳсоси гарми ватандорию ватандӯстӣ талош намоем, кор кунем ва Ватанамонро обод созем.
Инчунин, баромадкунандагон ёдрас намуданд, ки мо миллати сарбаланди тоҷик минбаъд низ пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлолияти кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозем.
Ҳамзамон, баромадкунандагон ёдрас намуданд, ки тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намудаанд: “Саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон назаррас буда, аз он ҳам давлати содиркунандаи қувваи корӣ ва ҳам давлати қабулкунандаи он манфиати калони иқтисодӣ ба даст меоранд”.
Инчунин, баромадкунандагон хотиррасон намуданд, ки сокинони аксари кишварҳои Сайёра ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, пеш аз ҳама ба кишвари макони зисти доимӣ ва ҳам ба аҳли оилаи худ манфиат меоранд.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон ибрози андеша намуданд, ки читавре, ки маълум аст, Федератсияи Россия дар қонунгузории худ нисбати муҳоҷирони меҳнатии воридшаванда дигаргуниҳо ворид намуда, низоми дохил шудан ба кишварашро пурзӯр намудааст, мавриди амал қарор дорад. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ акнун лозим мебояд, ки қоидаҳои навъи будубошро дар Федератсияи Россия риоя намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён оид ба мавзуъҳои матраҳшуда саволу ҷавоб доир гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

