Раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда, асосан дар шароити ҳуҷраҳо ва манзили зисти руҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад. Мутаассифона, имрӯз волидоне ёфт мешаванд, ки фарзандҳои худро назди ҳамин гуна афроде, ки аз аркони дини мубини Ислом бехабаранд, барои гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ мемонанд. Ин табақа аз оқибатҳои манфии он ноогаҳ буда, ҳатто дарк наменамоянд, ки дар аксар мавридҳо фарзандашон ба кӣ ва чӣ табдил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, таълимоти ғайриқонунии динӣ барои ҷомеаи мо аз он нуктаи назар хатарнок ва боиси нигаронӣ аст.
Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 9-уми марти соли 2024 дар Кохи Ваҳдат мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардид, ки дар он Сарвари давлат чунин иброз намуданд, кӣ: “Чаро волидайн ин қадар ба гирифтани таълимоти динӣ, бахусус, дар хориҷи кишвар майлу рағбат доранд, дар ҳоле, ки тибқи санадҳои қабулкардаи нафақат кишвари мо, балки дар аксари давлатҳои дунё санади хатми муассисаҳои таълими динии мамолики дигар эътибор надорад”.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоламон тамоми замина ва имконот барои таълимоти расмии динӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ фароҳам шудааст. Бинобар ин, ҷавононе, ки мехоҳанд таълимоти дуруст ва мукаммали динӣ бигиранд, метавонанд бе мамониат вориди ин таълимгоҳҳои расмии динӣ гардида, аз роҳи қонунӣ соҳиби маълумот ва таҳсилоти олии динӣ шаванд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъалаи ташвишовар пайваста иброз менамоянд, кӣ: “Таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад”. Маҳз ҳамин табақа бо сӯиистифода аз эҳсоси динии ҷавонони ноогоҳ, дар ҷараёни таълимоти худ, онҳоро нисбат ба гузаштагони худ, дар руҳияи бадбинӣ ба арзишҳо, суннатҳо ва урфу одати миллии мо тарбият карда, ин арзишҳоро барои як мусалмон нолозим ва ғайри қобили қабул муаррифӣ мекунанд.
Дар ин давра, нисбат ба падару модароне, ки уҳдадориҳояшонро дар таълиму тарбияи кӯдак иҷро накардаанд ва масъулини муассисаҳои таълимӣ бо дастрасии моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, шудааст. Аз ин ҳолати бамиёномада, мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, бояд пурра эҳсос кунанд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар кишварамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” амал мекунад. Мақсад аз қабули қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Қобили тазаккур аст, ки масъалаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур изҳори назар намуда, ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳо медиҳанд.
Бояд қайд намуд, ки вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза, мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, бахусус, терроризму экстремизм, ифротгароӣ, бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозо менамояд, ки тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон дар чаҳорчӯби танзими меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад.
Воқеан, падидаи ватандӯстӣ ифодакунандаи эҳсосоти гарм, яъне ҳолати руҳии инсон, муҳаббати вай нисбат ба Ватан, арзишҳои миллӣ, таърихию фарҳангӣ мебошад. Ин ҳиссиёт, одатан дар шахс аз оила ва мактаб ба вуҷуд меояд ва ҳангоми аз тарафи давлат қабул кардани барномаю стратегия ва қонунҳо барои огоҳӣ доштан ва такмилу муқовимат нишон додан бар зидди ҳамагуна таҳдиду амалҳои номатлуб бедор карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар замири ҷавонон яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ин насли ояндасоз буда, бо ин восита дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Махсусан тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин чунин иброз доштанд, кӣ: “Вақте ки мову шумо фарзанд ба дунё меорем, яке аз вазифаҳои муқаддаси падару модар тарбия кардани фарзанд аст. Мо фарзандонамонро бояд босавод кунем, бо одобу ахлоқи ҳамида тарбия кунем, то касбу ҳунар гиранд, илм омӯзанд, забон омӯзанд. Мазҳаби мо – мазҳаби ҳанафӣ ҳам ана ҳаминро талқин мекунад. Вақте фарзанд бесавод мемонад, бе касб мемонад, бе ҳунар мемонад, дар қади кӯча кораш гадоӣ мешавад ё ҷиноят содир мекунад ё маводи мухаддир истеъмол мекунад, яъне дар зиндагӣ доимо азият мекашад”. Бояд гуфт, ки ин ҳодиса бори дигар зарурати таҳкими назорати ҷамъиятӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва масъулияти падару модаронро дар масъалаи таълиму тарбияи фарзандон таъкид менамояд.
Зикр кардан бо маврид аст, ки таъмини ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсилоти босифат ва муҳити солими таълимӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, риояи қатъии қонунгузорӣ дар ин самт кафили ояндаи солими ҷомеа мебошад. Илова бар ин, таҳилҳо собит менамоянд, ки солҳои қаблӣ бархе аз намояндагони руҳониён дар мавъизаю суханрониҳояшон аз таассуби динӣ ва ноогоҳии арзишҳо, урфу одати миллиро зери суол бурда, гузаштаи дурахшону пурифтихори халқи моро, ки таърихи чандҳазорсола дорад, инкор мекунанд. Бояд қайд кард, ки андешаҳои инсонбадбинона байни тарғиботчиёни мусулмон боис мегардад, ки ба обрӯи дини мубини Ислом рахнаи сахт занад.
Дар маврид, қайд менамоям, ки тундгароии сахт шахси мағзи сараш шусташударо водор мекунад, ки дар симои мусулмонон на бародарони динӣ, балки душмани худро бинад. Агар салафӣ бошад, пайрави дигар мазҳабро, агар шиа бошад, суннимазҳабро бад мебинад ва омода мешавад, ки даст ба силоҳ барад ва ё ҳатто худро тарконад ва бо ҳамин гумон мекунад, ки шаҳид мегардад. Ин гуруҳ бо пиндорҳои пуч то ҷое дар ин кор пешрафт карда буданд, ки асосан хурофаро расмият мебахшиданд, кӯшиш менамуданд, инсонҳо дар нодонию ноогоҳӣ умр ба сар баранд. Барои онҳо ҳамеша дорои аҳамият буд, то мардумон дар нодонӣ ва роҳгумзадагӣ боқӣ бимонанд.
Инчунин, ин тоифа гуруҳҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ дуруғ мегӯянд, тақаллуб мекунанд ва бадтарин ҷиноятҳоро анҷом медиҳанд. Вале ҳеҷ гоҳ ин амалкардаҳои ваҳшонияти худро навъе аз ҷиноят намедонанд ва гӯё чунин вонамуд месозанд, ки ин ҳамаро ба хотири ризояти офаридгор анҷом медиҳанд.
Имрӯзҳо созмону ташкилотҳои ифротӣ бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намудани наврасону ҷавонон аст. Бо ин мақсад аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиботу ташвиқоти густурда ба роҳ монда, саҳифа, гуруҳ ва каналҳои махсус таъсис дода, шабу рӯз ақидаҳои ғаразноки диниро паҳн менамоянд. Дар ҳолати аъзо шудан ба чунин гуруҳҳо ва каналҳои ба ном исломӣ ва тамошову мутолиаи пайвастаи матлабҳо ва наворҳои видеоӣ, андешаи кас дигаргун шуда, ақидаҳои зиддимазҳабӣ ва зиддидавлатӣ пайдо ва ташаккул меёбанд.
Маврид ба зикр аст, ки оқибат ҷавонон ақидаҳои ифротгароиро қабул намуда, мепиндоранд, ки дини Ислом ин ҷиҳод, ҳиҷрат ва қатлу куштор аст. Бояд ёдовар шуд, ки маҳз чунин андешаҳо садҳо ҷавонони тоҷик ба Ироқу Сурия рафта, баҷангҷӯёни ДИИШ ва ё бо номи «Давлати исломӣ» шомил шуда, террорист шуданд. Дар ин росто, ки барои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонону наврасон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии таблиғи фарҳанги бегона бояд тадбирҳои қатъӣ андешида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ боз ҳам тақвият дода шаванд.
Хулоса мо бояд таълимоти ғайриқонунии диниро решакан кунем. Онҳое, ки мехоҳанд таълимоти динӣ гиранд, барояшон аз тарафи давлат тамоми шароитҳо муҳаё гардидааст. Мо бояд ба қадри неъмати бебеаҳо – амният ва сулҳу субот бирасем ва дар ҳифзу ҳимояи Ватани азиз саҳмгузор бошем. Бинобар ин, ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо ва муҳоҷирони меҳнатӣ минбаъд ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гуруҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.
Зикр менамоям, ки имрӯз мо сиёсати сулҳҷӯёнаву ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, шукронаи ваҳдату ягонагии миллатро кунем ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.
Орифҷон Олимзода,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб, узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон

