• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷаласаи Шурои Хадамоти муҳоҷират оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2026

Migration Service by Migration Service
14.04.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҷаласаи Шурои Хадамоти муҳоҷират оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2026
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

14 апрели соли 2026 ҷаласаи Шурои Хадамоти муҳоҷират баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.

Дар кори ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, муовинони Сардори Хадамот, сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, шаҳри Душанбе, бахшу шуъбаҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” иштирок намуданд.

Ҷаласаро Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо ифтитоҳ намуда, аз аҳамияти таҳлили натиҷаҳо, муайян намудани вазифаҳои навбатӣ ва тақвияти фаъолият дар самтҳои афзалиятноки соҳа ёдовар шуданд. Сипас вобаста ба масъалаи рӯзнома маърузаи ҳисоботии муовини якуми Сардори Хадамот Шарифзода Маҳмадсалим Пир шунида шуд.

Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи  муҳоҷират  ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат, лоиҳаи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №309 тасдиқ гардид.

Стратегия маҷмуи мақсад, самт ва масъалаҳои афзалиятноки танзими равандҳои муҳоҷиратро дар бар гирифта, шаклу усулҳои амалисозии онҳоро дар асоси таҳлили омилҳои устувор пешбинӣ менамояд. Бо  назардошти омилҳои дохилӣ ва берунӣ он ба муайян намудани мушкилоти мубрами бақайдгирии вазъи муҳоҷират, роҳҳои рушди онҳо ва пешгўии натиҷаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ равона гардида, таҳия ва амалисозии чорабиниҳои зарурӣ оид ба самтҳои мубрами стратегӣ барои дурнамои миёнамуҳлат ва дароз муҳлатро пешбинӣ менамояд.

Сипас, ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, бахшу шуъбаҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони  Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”оид ба фаъолияти семоҳа ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Ҳамзамон, дар кори ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод баромад намуда, дар бораи мушкилот ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати  меҳнатӣ, пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони ба ватан бозгашта, вобаста бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар ширкатҳои ватанӣ, забономӯзӣ ва касбомӯзӣ дар ин самт ҷоннок намоянд.

Аз рӯйи натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва баланд бардоштани сифати фаъолияти меҳнатӣ вазифаҳои муайян пеш гузошта шуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират                                                                                                     

Previous Post

Вохӯрии саривақтӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.