Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан вохӯрии судманд бо сокинон, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо, доир ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони кишвар ба давлатҳои хориҷа, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии занон, риояи расму оинҳо, назорат ва танзими либоспӯшӣ махсусан дар байни занону ҷавонон гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират ба иштирокдорон оид ба арзиши андози моҳонаи патент дар тамоми минтақаҳои Федератсияи Россия фаҳмонида, қайд карда шуд, ки шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 дар минтақаи шаҳри Маскваю вилояти Москва бо тавассути барномаи “Амина” худро ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд, дар бораи қоидаи 90/365, инчунин барои муҳоҷирон имтиҳон барои тасдиқи дониши забони русӣ, асосҳои қонунгузорӣ ва таърихи Россия ҳатмист, зеро барои гирифтани иҷозатномаи муваққатӣ (РВП), иҷозатномаи истиқоматӣ (ВНЖ), иҷозатномаи кор ё патент зарур аст.
Доир ба саволҳои додашуда аз ҷониби масъулин барои ворид шудан ба Федератсияи Россия бо мақсади кор дар бораи корти муҳоҷиратӣ, қайди муҳоҷиратӣ, телефон, кортҳои бонкӣ, муоинаи тиббӣ, патент, шаҳодатномаи меҳнатӣ, қонунҳои Федератсияи Россия фаҳмонида шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

