Коррупсия яке аз падидаҳои манфии ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, ба фаъолияти муътадил ва рушди иҷтимоию иқтисодии ҳар як давлат таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин бармеояд, ки коррупсия як зуҳуроти иҷтимоӣ аст ва дар тамоми ҷаҳон чи дар давлатҳои мутараққӣ ва чи дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ новобаста аз сохти идоракунии давлатии онҳо паҳн гаштааст. Коррупсия дар ҳама давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонад.
Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.
Коррупсия ин сӯйистифода аз мансаб, ваколатҳои мансабӣ, инчунин додани пора ё гирифтани пора, ришваситонии тиҷоратӣ бо мақсади ғайриқонунӣ ба даст овардани фоида (пул, хизматрасонӣ, молу мулк) барои худ ё шахсони сеюм мебошад. Ин ҷиноят ростқавлиро халалдор мекунад, институтҳои давлатиро вайрон мекунад ва ба рушди ҷомеа монеъ мешавад. Коррупсия сиёсатмадорон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва тиббиро фаро мегирад. Он ба таназзули иқтисодӣ, паст шудани сифати зиндагӣ, афзоиши беадолатии иҷтимоӣ ва ҷинояткории муташаккил оварда мерасонад.
Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амалӣ дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҷиҳати муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти олии мамлакат таъкидҳои судманд намуда буданд.
Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад”.
Дар фарҷом ҳамин нуқтаро зикр кардан зарур аст, ки ҳамаи мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид, сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат банданд.
Саидов Ҷамшед,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Хадамоти муҳоҷират

