Вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” аз ҷониби бонувони фаъоли Хадамоти муҳоҷират бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар таъмин намудани муҳоҷирони ба ватан бозгашта бо вакантҳои холии ҷойи кор дар ширкатҳои ватанӣ, касбомӯзӣ ва забономӯзии муҳоҷирон дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистї, одамрабої ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бонувони фаъол ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Қайд гардид, ки пеш аз сафар муҳоҷири меҳнатӣ бояд аз қонуну қоидаҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират бохабар буда, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират бояд донанд, дуруст пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ намуда, ҳуҷҷати касбии худро дошта бошанд ва қоидаҳои будубошро пурра риоя намоянд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида шуд, ки айни замон ширкатҳои зиёди Федератсияи Россия омодаанд шаҳрвандони моро бо тарзи муташакилона барои фаъолияти меҳнатӣ дар ин кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуда, ҳуҷҷатгузорӣ, роҳкиро, музди меҳнат ва ҷойи хобро ба уҳда мегиранд. Хоҳишмандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.
Инчунин, ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
