Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар Ҷамоати деҳоти Амондара деҳаи Майкатта, чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур омӯзгорон, кормандон ва фаъолони ҷамоат ҳузур доштанд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз равандҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар сурати дуруст ва қонунӣ ба роҳ мондани он метавонад ба беҳбудии сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат намояд.
Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон маълумоти муфассал дар бораи тартиби расмии муҳоҷирати меҳнатӣ ва зарурати доштани ҳуҷҷатҳои лозимӣ, риояи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, оқибатҳои манфии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва масъулияти ҳуқуқӣ барои вайрон намудани қонун, роҳҳои пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, мубориза бар зидди савдои одамон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ дошта, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, пешниҳод гардиданд.
Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки оила асоси ҷомеа ба ҳисоб меравад. Агар оила солим ва устувор бошад, ҷомеа низ пешрафта ва обод мегардад. Оилаи солим пояи ҷомеаи муваффақ мебошад. Таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ дар кишвари мо зери назорат ва диққати доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Насли наврасро ба хондани китобҳои бадеиву илмӣ, иштирок дар озмунҳо бояд ҳидоят кард, то ин ки онҳо дар оянда шахсони оқил ва номбардори модару Ватани худ ба воя расанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

