Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд аз ҷониби кормандони масъули бахши Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгохи байналмилалии Хуҷанд” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба самти Уфаи Федератсияи Россия сафар менамуданд, доир ба мавзуи муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ экстремизм ва терроризм корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Қайд гардид, ки пеш аз сафар муҳоҷири меҳнатӣ бояд аз қонуну қоидаҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират бохабар буда, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират бояд донанд, дуруст пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ намуда, ҳуҷҷати касбии худро дошта бошанд ва қоидаҳои будубошро пурра риоя намоянд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо муҳоҷирон оид ба масъалаҳои пешгирӣ шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, зуроварӣ дар оила баррасӣ гардида зикр намуданд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб карда аст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

