Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва КИ ҲХДТ дар ноҳия дар маҳаллаи Пахтакор Ҷамоати деҳоти Саидқалъа корҳои тарғиботӣ, ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Баромадкунандагон нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро тавзеҳ дода, дар заминаи он ба масъалаҳои тозагиву озодагии иншооту биноҳо, омодагӣ ба таҷлили 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷалби ҷавондухтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ таъкид намуданд. Иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои зикршуда андеша ва пешниҳодҳои худро баён карданд.
Дар идома корманди бахши Хадамоти муҳоҷират Сатторова С., масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад. Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

