Рӯзи Ғалаба ҳамчун — иди Ғалабаи бузурги халқи собиқ ИҶШС дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 санаи 9-уми май муқаррар гаштааст.
Имсол аз ҷашни ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 81-сол пур мегардад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар гардида, 100 ҳазори онҳо дигар ба Ватан бар нагаштанд.
Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) аз ҷумлаи идҳои давраи Шӯравӣ мебошад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ он ба таври тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшонашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо — Тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон додаанд.
Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд аст.
Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, тақрибан ҷони 27 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд.
Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати абрешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии “Красний ткач” ва дигарҳо ҳама аз рӯи шиори “Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба” фаъолият мебурданд.
Ҳар сокини ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии Армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад ва бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонад.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд.
Ғалаба бар фашизм бори дигар собит сохт, ки падарону бобоёни мо бо шуҷоату мардонагӣ, ватандӯстиву матонат бар зидди зулму истибдод ва асорату бандагӣ муборизаи беамон бурда, барои таъмини ояндаи орому осоиштаи инсоният ҷоннисориҳо кардаанд.
Маҳз ба шарофати иттиҳоду ҳамбастагӣ, дӯстиву рафоқат ва фидокориву заҳмати шабонарӯзӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғалаба насиби халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.
Мо ҳар сол ин рӯзи таърихиро ба хотири арҷгузорӣ ба пайкори пуршарафи ҷангӣ, ҷасорату фидокорӣ ва матонату қаҳрамонии мардони ҷабҳаи набард ва ақибгоҳ, ки мушкилоти тоқатфарсои он солҳои мудҳишро бо кору заҳмати бемислу монанд паси сар карда, ба пирӯзӣ расидаанд, таҷлил мекунем.
Ба онҳое, ки имрӯз ҳамроҳи мо ҳастанд, таҳсину ташаккур мегӯем ва ба ёди онҳое, ки ҷони худро барои озодиву ободии мову шумо қурбон кардаанд, дуои нек мекунем. Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби худ ҳамеша барои беҳтар кардани шароити зисту зиндагии собиқадорони ҷангу меҳнат ғамхорӣ менамояд.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

