Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом якчоя бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар бинои маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Пулотон вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо доир ба огоҳсозии аз падидаҳои номатлуб, терроризму–экстремизм, коррупсия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, интихоби касб, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, қонунгузории нави ФР дар самти муҳоҷират, пешгирии бемории сироятии ВНМО сил, либоспӯшии фарҳанги миллии бегона (сатру ҳиҷоб аз занону духтарон, ришмонии ҷавонон), муқовимат бо савдои одамон, одамрабоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баромад намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр – Фарзона Толибова оид ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, додани маълумот оид ба кортаъминкунии дар хориҷи кишвар, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тарзи супоридани имтиҳонҳо, гирифтани корти муҳоҷирӣ ва ба қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, додани қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони баргашта, ба касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занҳои хонашин, баромад намуда варақаи иттилоотӣ оид ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва гирифтани қарзҳои имтиёзнок тақсим намуд.
Баромадкунандагон вобаста ба самтҳои фаъолияташон, аз ҷумла омилу сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавонон, пешгирии ҷинояткории занон, тағйироту илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳлилу андешаҳои судманд намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

