Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб якҷо бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар назди Маркази ҷавонони шаҳри Кўлоб ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ҷиҳати интихоби ҷойи кори мувофиқ, ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисон мавриди талабот, муътадил гардонидани вазъи бозори меҳнат дар шаҳри Кўлоб мебошад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити муносиби корӣ ва музди маоши арзанда дар иншоотҳои бузурги сохтмонӣ ва саноатӣ аз қабили НБО “Роғун”, ҶСП “Ҷунтай-Данғара”, “Син силу текстил”, сохтмону барқароркунии роҳҳо ва дигар корхонаҳои бузурги ватанӣ муҳайё мебошад.
Даъват ба амал оварда шуд, ки вобаста ба омӯзиши касбҳои коргарӣ гирифтани шаҳодатномаи касбӣ дар филиалҳои МД “Марказҳои таълими калонсолон” ва “Таълими омӯзишии модулии шаҳр” шароитҳои мусоид фароҳам мебошад ва нафароне, ки касбу ҳунар доранд метавонанд тариқи валидатсиякунонии малакаҳои касбӣ бо роҳи гузаштан аз санҷиш ҳуҷҷати тахассусӣ гиранд.
Инчунин, дар чорабинӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

