Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти Раёсати прокурори ноҳия Қурбонзода Муродбег Қурбон, муовини раиси ноҳия Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо ва прокурори калон ва прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибзода Суҳроб Иброҳим ва Убайдзода Хусрав Назирхуҷа роҷеъ ба Паёми Президенти мамлакат ва дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти вохурӣ муовинони раиси ноҳия, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират, роҳбарони раёсат, шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, соҳаҳои маориф, тандурустиву фарҳанг, раисони кумитаҳои маҳал, ходимони дин, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва волонтёрон ширкат варзиданд.
Баромадкунандагон роҷеъ ба Паёми Президенти мамлакат ва дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм баромад намуданд. Аз он ҷумла, зимни баромадҳо дарҷ гардид, кӣ: – Президенти мамлакат дар Паёми солонаи худ ибрози назар карданд, кӣ: “Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем”; – ба қадри неъмате чун истиқлоли давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст; – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар иҷлосияи байналмилалии мубориза бо терроризм дар давлати исломии Эрон 25-уми июни соли 2011 қайд карда буданд, кӣ: “Аз ин лиҳоз, ташаккули фазои ягонаи иттилоотии олам ба хатари нест кардани пойгоҳу бошишгоҳҳои таълимии террористон муҳим аст.
Идораҳои махсуси кишварҳои пешбари олам, бояд дар бораи бунёди махзани ягонаи маълумот дар ин соҳаи мубориза, ҳарчи зудтар ба мувофиқат оянд. Таҳияву тасдиқи усулҳои муассири амалиёти зиддитеррористӣ, ҷори намудани низомми умумиву мукаммали инъикоси ҳолатҳои марбуд ба иқдомҳои террористӣ низ ба манфиати кори умум мебуд”; – хусусан дар шароити имрӯза қайд намудан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.
Аз ин лиҳоз вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату ватан аст. Чунки тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд ба чашм мерасад; – имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои терорристӣ ва экстремистие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини терорристию экстремистӣ мебошад.
Барои шомил кардан ба сафҳои худ гурӯҳҳои терорристю экстремистӣ кӯшиш менамоянд ба гурӯҳи муайяни аҳолӣ ру биёранд, ки инҳоро ҷавонон, шахсони бекору ниёзманд, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ ниёз дошта, аз волидон ва ё ҷамъият ранҷида, дорои пасти дониш ва маърифати ҳуқуқӣ ва дигарон ташкил медиҳанд.
Орифҷон Олимзода,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

