Кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират суҳбату вохӯриҳоро бо муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва муҳоҷироне, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо маром идома дода истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳангоми суҳбату вохӯрӣ бо муҳоҷирони бозгашта доир бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани онҳо дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо, инчунин омодагӣ пеш аз сафар, пешгирӣ ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, тавсияҳои муфид медиҳанд.
Ҳамзамон, ба диққати шаҳрвандоне, ки азми сафари кишвари Россия доранд, расонида шуд, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Инчунин, барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад: тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор), тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслуги”, шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” – и ВКД ФР дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ, барои шаҳри Москва ва вилояти он “Сахарово”. Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки ҳангоми сафар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили шиносномаи тиббӣ, оиди надоштани бемориҳои сироятӣ, изи даст, надоштани доғи судӣ ва ҳуҷати касбиро ҳатман бо худ гирифтан зарур аст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

