Экстремизм ва терроризм имрӯз ба яке аз хатарҳои асосии амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки ҷараёнҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва идеологӣ шиддат гирифта истодаанд, муқовимат бо экстремизм ва терроризм тадбири муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Аз нуқтаи назари сиёсӣ экстремизм ва терроризм на танҳо мушкилоти амниятӣ, балки таҳдид ба пояҳои давлатдорӣ, Истиқлолият ва якпорчагии миллӣ мебошад. Зеро ҳадафи асосии онҳо заиф гардонидани сохтори сиёсӣ ва боварии мардум ба низоми қонунӣ мебошад. Оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии экстремизм ва терроризм низ зиёд аст. Пеш аз ҳама, он боиси талафоти ҷонӣ ва молӣ мегардад. Ҷомеа руҳан носолим мешавад, сармоягузорон аз бозор мераванд, иқтисодёт суст мегардад ва амнияти инсон зери хатар мемонад. Дар мисоли кишварҳои Шарқи Наздик метавон дид, ки фаъолияти гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ то кадом андоза боиси коҳиши иқтисодӣ, фирори аҳолӣ, харобшавии инфрасохторҳо ва аз байн рафтани арзишҳои фарҳангӣ шудааст. Бинобар ин, зарурати ба роҳ мондани сиёсати босамар ва устувори муқовимат бо падидаҳои номатлуби замони муосир рӯз то рӯз афзун гардида истодааст. Мубориза бо экстремизм ва терроризм бояд ҳам дар сатҳи давлатӣ ва ҳам дар сатҳи ҷамъиятӣ бо истифода аз раванди таълим, маърифатикунонӣ ва тарбияи наврасону ҷавонон роҳандозӣ гардад. Зеро ҳамкории пайвастаи давлат, оила, мактаб ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аслиҳаи бузург дар таъмини субот ва амнияти миллӣ аст.
Стратегияи асосии муқовимат бо экстремизм ва терроризм тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва зиракии сиёсӣ мебошад. Ҷавонон дар баробари имрӯзу фардои миллат, ифтихору симои миллат будан такягоҳи асосии давлату ҷамъият ҳам ҳастанд. Бинобар ин “ҷавонон бояд донанд, ки сармояи гаронбаҳои миллатанд. Ҳар гуна кӯшиши ҷалб кардани онҳо ба ҳаракатҳои ифротӣ хиёнат ба ояндаи давлат аст”. Ҳисси масъулиятшиносӣ, тарбияи ватандӯстӣ, тафаккури интиқодӣ, худшиносии миллӣ, тарбияи баланди ҳуқуқиву сиёсӣ бояд имрӯз дар умқи қалбу шуури ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла, наврасону ҷавононон устувор маъво гирифта бошад.
Инчунин, наврасону ҷавононро зарур аст, ки бо ахлоқи ҳамида, рафтори намунавӣ, илму ҳунари замонавӣ худро оро диҳанд. Роҳи интихобкардаи онҳо бояд роҳи дуруст ва рост бошад, ки ояндаи некро кафолат диҳад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш зимни мулоқот бо донишҷӯён дар Душанбе соли 2023 таъкид намуданд: “Агар мо имрӯз ба ҷавонон илму дониш, ҳунар ва ҷаҳонбинии солим наомӯзонем, фардо онҳо ба доми ифротгароӣ меафтанд”. Ҷавонон дар баробари ояндаи фардои давлату миллат будан қишри осебпазир ҳам мебошанд. Зеро таҳти таъсири равандҳои гуногуни иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ қарор доранд, ки баъзеи онҳо ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ майли ҷалбкунӣ дорад. Нобаробарӣ ва имкониятҳои иҷтимоӣ низ баъзе аз ҷавононро барои гурӯҳҳои радикалӣ осебпазир мегардонад. Пайдоиш ва паҳншавии экстремизм ва терроризм бештар дар муҳите ба назар мерасад, ки адолати иҷтимоӣ заиф аст, сатҳи маърифат паст аст ва ҷавонон аз имкониятҳои баробар баҳраманд нестанд. Тадқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки дар аксар маврид ҷавонон қурбони таъсири равонии таблиғгарони экстремистӣ мегарданд. Онҳо аз эҳсоси ноадолатӣ ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб менамоянд.
Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки таҳаммаулгароӣ ва созишро чун воситаи босамари суботи иҷтимоӣ ва ҳалли муаммову мушкилоти зиндагӣ дарк намоянд. Ҷавонон бояд фаҳманд, ки ихтилофи назарҳо бо роҳӣ гуфтугӯ ва ҳамкорӣ ба ҳам мепайвандад. Ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои иҷтимоӣ интиқоду интиқомро аз байн мебарад. Таҳаммулгарои нисбати дигар дину равияҳо ва мазҳабҳо мақсади нодурусти нишон додани афзалияти якеро нисбат ба дигар ва ё бадномкуниву решакансозии байни онҳоро ифшо мекунад. Дар баробари барномаҳои иттилоотиву маърифатии мактабу донишгоҳҳо дар бартарафсозии паҳншавии экстремизм, терроризм ва радикализм, ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои фарҳангӣ, варзиши ва иҷтимоӣ дар муҳитӣ ҳамчун воситаи таъмини босамари фазои холии онҳо саҳми муҳим дорад.
Маҳмадзода Суман,
Мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

