Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 деҳаи Хуррамобод байни хонандагон ва омӯзгорон ва падару модарони онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар чорабини оид ба Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, кам намудани шиддати муҳоҷират дар байни занон, намудҳои бадтарини меҳнати кудакон, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, одамрабоӣ (қочоқи инсон), пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгири аз ҳаргуна бемориҳои сироятӣ, суханронӣ карда шуд.
Вазифаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти коҳиш додан, кам ва паст намудани хавфу таҳдиди терроризм, инчунин тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва таъмини волоияти қонун мебошанд.
Таҳти таъсири ташвиқоти экстремистӣ ҳолатҳои шомилшавии шаҳрвандони кишвар, пеш аз ҳама ҷавонон ба сафи ташкилотҳои экстремистию террористӣ ҳанӯз ҳам идома дошта, пайдоиши ҳалқаҳои нави ҳаракат ва созмонҳои тундрав ба назар мерасад. Ақидаҳои аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ паҳншаванда ба шуури афроди алоҳида таъсир расонида, ҳисси муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ ва фарҳангию маънавиро дар замири онҳо коҳиш медиҳад. Бар асари ин омилҳо солҳои охир дар кишвар якчанд амалҳои террористӣ содир гардиданд, ки муқобили кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони воқеӣ равона шуда, боиси талафоти ҷонӣ гардиданд.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳи сатҳи огоҳии хонандагон дар самти муҳоҷирати бехатар баланд гардида, онҳо дар бораи роҳҳои қонунӣ ва хатарҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

