Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси муқаррароти Конститутсияи кишвар давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст. Аз ин рӯ, рушди ниҳодҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати озодии виҷдон, таъмини амнияти миллии кишвар, таъмини суботи ҷомеа ва дар маҷмӯъ ба амал баровардани рушду инкишофи мамлакат ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Мутаассифона, дар радифи имкониятҳо ва шароитҳои дар амал татбиқ намудани стратегияҳои мазкур, инчунин як қатор омилҳо ва хафву хатарҳое арзи ҳастӣ менамоянд, ки ба амнияти миллии кишвар ва дар маҷмӯъ ба сохтори конститутсионии давлат таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд меоранд. Дар миёни онҳо ифротгароӣ ва терроризм яке аз омилҳои хатарзо ва зуҳуроти манфие мебошад, ки дар таҳкими давлатдории миллӣ ҷиддан халал мерасонад.
Терроризм – ҳамсафари доимии башарият буда, яке аз падидаҳои хатарноки замони муосир мебошад ва то ин давра шаклҳои гуногун пайдо намуда, хавфаш оламгир гаштааст. Амалҳои террористӣ боиси талафоти зиёди одамон мегардад, ба мардум фишори шадиди равонӣ меорад, боиси аз байн рафтани сарватҳои моддӣ ва маънавӣ мегардад, ки баъзан барқарор кардани он ғайриимкон аст. Дар байни давлатҳо адоват мепошад, ҷангҳо, нобоварӣ ва бадбиниро дар байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ бармеангезад, ки дар баъзе ҳолатҳо як насл онро бартараф карда наметавонад. Амалиёти террористӣ барои ба даст овардани таъсири муайян тарҳрезӣ карда мешавад, аз ҷумла, ба ҷамъият, доираи васеи одамон таҳдид, тарсу ҳарос, эҷод мекунад. Ҳамаи давлатҳо ва халқҳои дунё дар мубориза бо терроризм муттаҳид шудаанд, зеро ки ин падида яке аз мушкилоти ҷаҳонии асри XXI мебошад.
Дар паёмҳои худ Сарвари давлат аз рақобатҳои носолими бархе аз кишварҳо, ки боиси афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд, изҳори нигаронӣ намуда, мунтазам мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, эҳтиром гузоштан ба таъриху тамаддуни аҷдодӣ ва ҳифз намудани сулҳу ваҳдати миллӣ даъват менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд. Интиқоли ҷангиён-террористон аз минтақаи Ироқу Сурия ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хавфи зиёдро ба миён овардааст. Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд.
Новобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавқеи устувор дошта, таҷрибаи ғанӣ касб намудааст ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади мубориза алайҳи ин амалҳои номатлуб дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин давра самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пеш аз ҳама ташаккули заминаҳои меъёрӣ – ҳуқуқии пешгирӣ ва муқовимат бо ин омилҳои номатлуби ҷомеаро фаро мегирад.
Имрӯз беш аз ҳарвақта зарур аст, ки тамоми саъю кӯшишро ба он равона созем, ки шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ пешгирӣ гардад ва ҳам тавонем онҳоро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ сафарбар намоем.
Собиров Садам,
Мутахассиси пешбари Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

