Дар замони муосир низ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлубу зишт ва яке аз ҷиноятҳои хавфнок ба амнияти давлат, суботи ҷомеа ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таҳдид менамояд. То ҳол ба ҳеҷ давлати дунё муяссар нашудааст, ки ин ваборо пурра аз байн бурда бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, инчунин хавфу хатар ва оқибатҳои манфии онҳо изҳори назар намуда, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани ин падидаи номатлубро масъалагузорӣ менамоянд ва дар паёмҳои Президенти мамлакат мубориза бар зидди коррупсия самти афзалиятноки фаъолияти давлат ҳисобида шудааст.
Чуноне, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат қайд карда шуд, коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Бо мақсади танзими фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 20-уми марти соли 2008) қабул гардид. Қонуни зикргардида вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, хизмат дар мақомот, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, таъминоти молиявӣ, моддию техникии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин, дигар вазифаҳоеро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.
Бо сабаби он ки дар шароити муосир коррупсия ҳамчун зуҳуроти хатарнок ба рушди давлат таъсири манфӣ мерасонад, дар мамлакат мубориза бар зидди он самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон шудааст. Чуноне ки Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми апрели соли 2008 қайд намуданд: “Бо дарназардошти он, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додаем”.
Бояд зикр кард, ки дар паёми Президент соли 2012 аз ҷумла гуфта шуд, ки коррупсия яке аз хатарҳои асосии ҷомеа буда, ба пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлату ҷамъият халали ҷиддӣ ворид месозад. Дар Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳои ҳуқуқиву ташкилӣ фароҳам оварда шудаанд. Вале татбиқи онҳо ҳанӯз ҳам қаноатбахш нест. Бинобар ин, мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муборизаро бар зидди амалҳои коррупсионӣ боз ҳам тақвият бахшанд.
Бинобар ба охир расидани муҳлати “Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 масъалаи таҳия ва пешниҳод намудани “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро ба миён гузоштанд ва барои таҳияи он Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои муқовимат ба коррупсия вазифадор гардиданд.
Дар натиҷа, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” тасдиқ карда шуд. Стратегияи мазкур ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардида, дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.
Мақсаду ҳадафҳои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ба паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.
Хулоса, паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди коррупсия мавқеи намоён ва нақши муҳим дар ҳаёти ҷомеа мебозад. Зеро дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои садди устувор гузоштан дар роҳи кирдорҳои коррупсионӣ тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ақидаҳои пурмуҳтаво баён шуданд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида, муқовимат ба коррупсияро пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, мусоидат хоҳанд кард.
Шарипов Тоҳир,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

