Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Ашт дар толори хурди Театри мусиқии драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъҳои эълон гардидани соли 2026 “Соли рушди додани корҳои ободонӣ созандагӣ ва таҳкими худшиносии худогоҳии миллӣ” ва “Эъломияи Хуҷанд зербинои дӯстии абадӣ” мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Дар мизи мудаввар оид ба муҳтавои Паём ва шукргузорӣ аз фазои оромии Ватан дар доираи мавзуъҳои асосии рӯз ба монанди тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, хизмати Модар-Ватан, нагаравидани насли ҷавони кишвар ба гурӯҳи ифротиву тундгаро, дурӣ аз падидаҳои хатари аср ба монанди терроризм ва экстремизм, муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ аз исрофкорӣ дар соҳаҳои гуногуни рӯзмарра, тарбияи дурусти насли наврас, сулҳу суботи миллӣ, пешгирии коррупсия, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, густариши фарҳанги оиладорӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва ғайра мавзӯъҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мутамаддин баёни андеша намуданд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботи қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳои охир дар қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.
Сипас иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба сиёсати ҷавонон, сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии сокинони мамлакат, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ба роҳ мондани муносибатҳои нек ва судманд бо кишварҳои ҳамсоя ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва муҳоҷирати бехатар суханронӣ намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

