Кормандони Хадамоти муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳиро дар ду баст дар байни муҳоҷирони бозгашта ва он нафароне, ки ба кишвари Россия барои фаъолияти меҳнатӣ равонаанд дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дода истодаанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар мавзӯи бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони ба ватан бозгашта, ба забономӯзӣ ва касбомӯзи ҷалб намудани онҳо, омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, тавсияҳои муфид медиҳанд.
Ба он нафароне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бозгаштаанд вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани онҳо дар ширкатҳои ватанӣ пешниҳод намуданд. Он нафароне, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд таъкид карда шуданд, ки ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз ҳама бояд аз қонунҳои кишвари қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҳангоми будубош ё давраи фаъолияти корӣ дар қаламрави ин кишвар огоҳ бошанд. Айни замон, тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Ҳангоми сафар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили шиносномаи тиббӣ, оиди надоштани бемориҳои сироятӣ, надоштани доғи судӣ ва њуљати касбиро њатман бо худ гирифтан зарур аст. Ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

