Ёддошти кӯтоҳи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Россия фаъолият доранд.
Ҳамватанони гиромӣ,
Бо мақсади пешгирии мушкилоти ҳуқуқӣ ва таъмини будубоши қонунии шумо дар Федератсияи Россия, риояи тавсияҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
Пеш аз сафар ба Россия
Пеш аз вуруд ба Федератсияи Россия ҳатман маълумот оид ба мақоми худро дар барномаи мобилии «RuID» ё тариқи муроҷиат ба намояндагии расмии ВКД – и Россия дар шаҳри Душанбе, к. С. Айни 121, санҷед, то маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои вуруд, талаботи ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар маълумоти заруриро пешакӣ муайян намоед.
Вурудтанҳо бо мақсади муайяншуда.
Ҳангоми убури сарҳад мақсади сафарро дуруст нишон диҳед. Агар ҳадафи шумо фаъолиятӣ меҳнатӣ бошад, онро ҳатман қайд намоед.
Бақайдгирии муҳоҷиратӣ
Пас аз ворид шудан ба Россия дар муҳлати муқарраргардида худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоред.
Онҳое, ки ҳадафи дар Москва ва вилояти Москва кор карданро доред, барномаи “Амина” -ро дар телефонатон боргирӣ карда, макони зистатонро ҳамчун қайди муҳоҷиратӣ ишора намоед ва муҳлати будубоши қонуниро риоя намоед.
Бастани шартномаи меҳнатӣ
Ҳангоми ба кор қабул шудан, ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расонед. Нусхаи шартномаро нигоҳ доред.
Огоҳ намудани мақомоти дахлдор
Маълумот оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ бояд тибқи тартиби муқарраргардида дар воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар маҳалли кор ба қайд гирифта шавад.
Аз хизматрасонии миёнаравони ғайриқонунӣ худдорӣ намоед
Барои гирифтани патент, бақайдгирӣ, муоинаи тиббӣ, имтиҳонҳо, ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ ва дигар санадҳое, ки ҳузури шахсии шумо талаб карда мешавад, ба миёнаравон муроҷиат накунед. Ҳуҷҷатҳои худро шахсан расмӣ намоед.
Қонунҳои Федератсияи Россияро риоя намоед
Қоидаҳои муҳоҷиратӣ, меҳнатӣ, маъмурӣ ва дигар санадҳои амалкунандаро қатъиян риоя кунед. Содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ метавонад боиси ҷарима, ихроҷ ё манъи вуруди шумо гардад.
Фарҳанг ва анъанаҳои кишвари қабулкунандаро эҳтиром намоед
Ба қонун, фарҳанг, расму оин ва арзишҳои ҷомеаи Россия эҳтиром гузоред, бо аҳолии маҳаллӣ муносибати нек дошта бошед.
Ҳуҷҷатҳои худро ҳамеша ҳифз кунед
Шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, қайд, патент, шартномаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳимро дар ҷои бехатар нигоҳ доред.
Дар ҳолати иваз кардани шиноснома ё дарёфти дигар маълумотномаи расмӣ аз Ватан, ба Консулгарии Тоҷикистон дар Россия муроҷиат кунед.
Дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои меҳнатӣ, напардохтани музди меҳнат, дарёфти кори муносиб ё дигар мушкилот, ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоед.
Тамос: +7 999 912 58 68.
Рафтори намунавӣ, намуди зоҳирӣ ва эҳтироми меъёрҳои ҷамъиятӣ
Ҳангоми будубош дар Россия меъёрҳои рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, қоидаҳои одоби муошират, покизагӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва намуди зоҳирии муносибро риоя намоед. Ба интихоби либоси мувофиқ вобаста ба ҷойи кор ва ҷойи ҷамъиятӣ диққат диҳед. Ба фарҳанг, анъана ва арзишҳои ҷомеаи кишвари иқомат эҳтиром гузошта, аз амалҳое, ки метавонанд боиси вайрон шудани тартиботи ҷамъиятӣ ё таъсири манфӣ ба обруи шаҳрвандони Тоҷикистон гарданд, худдорӣ намоед. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ҷойҳои истироҳатӣ, марказҳои савдо ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои муқарраршударо риоя кунед, бо садои баланд суҳбат накунед, ба оромии шаҳрвандон халал нарасонед ва обруи худу ҳамватанони худро ҳифз намоед.
Будубоши қонунӣ, меҳнати расмӣ ва рафтори масъулона — асоси амният ва муваффақияти шумо дар хориҷи кишвар мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

