Ҳамарӯза кормандони Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” корҳои иттилоотиро дар байни муҳоҷирони бозгашта ва он муҳоҷироне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, ҷоннок намуда истодаанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони Хадамот бо он муҳоҷироне, ки айни замон аз кишвари Россия ба ватан баргаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Инчунин, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида шуд, ки айни замон ширкатҳои зиёди Федератсияи Россия омодаанд шаҳрвандони моро бо тарзи муташаккилона барои фаъолияти меҳнатӣ дар ин кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуда, ҳуҷҷатгузорӣ, роҳкиро, музди меҳнати арзанда ва ҷойи хобро ба уҳда мегиранд. Хоҳишмандон метавонанд ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

