Бо ибтикори бахши бахши Хадамоти мухочират дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” якҷо бо бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бустон дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки тавассути парвоз ба самти Федератсияи Россия сафар менамуданд, пеш аз сафар бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, дастурҳои муфид доданд.
Дар рафти вохӯрӣ пеш аз сафар барои пешгирии хатарҳои муҳоҷират муҳоҷирон бояд бидонанд. Ба пешниҳоди ёру дӯстон ва дигар ашхоси шиносу ношинос дар бораи ёфтани кори сердаромад дар хориҷи кишвар бовар накарда, то кадом андоза асоснок будани кори ба шумо пешниҳод шударо тариқи интернет санҷед, яъне дақиқ намоед, ки оё дар асл чунин корхона вуҷуд дорад ё не, музди меҳнат ва шароити кориаш чӣ гуна аст.
Ба шахсони тасодуфие, ки ба шумо дар кишварҳои хориҷӣ кори осону пули калон ваъда медиҳанд ва ҳатто омодаанд, ки пули чиптаи ҳавопаймо ва дигар хароҷотҳои сафарро пардохт намоянд, бовар накунед, зеро аксаран чунин афроди ҷиноятпеша бо хариду фурӯши одамон машғул буда, бо ваъдаҳои бардурӯғ муҳоҷирони меҳнатиро ба дом меафкананд ва қарзи калонеро ба гарданашон бор карда, ҳамчун ғуломи меҳнатӣ ё шаҳвонӣ истифода мебаранд.
Роҳи аз ҳама хуб ва бехатари пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар муроҷиат намудан ба идораҳо ва ташкилоту созмонҳои расмие мебошад, ки бо масоили муҳоҷират машғуланд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамарӯза кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ба “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ва Истгоҳи роҳи оҳан ташриф оварда, пеш аз сафар бо муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодаанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

