Ҳамасола 9 май дар аксари кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо, ҳамчун Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 таҷлил мегардад. Таҷлили ин сана ҳамчун рамзи гиромидошти ҷоннисориҳо, матонат ва фидокориҳои миллионҳо нафарест, ки барои ҳифзи озодӣ ва наҷоти инсоният аз хатари фашизм ҷони худро нисор кардаанд.
Ҷанги ҷаҳонии дуввум яке аз мудҳиштарин ва хунинтарин фоҷиаҳои таърихи инсоният ба шумор меравад. Ин ҷанг миллионҳо қурбонӣ, харобиҳои азим ва талафоти сангини иқтисодиву маънавиро ба бор овардааст. Сабақҳои ин ҷанги даҳшатбор имрӯз ҳам башариятро ҳушдор медиҳанд, ки сулҳу оромӣ, зиндагии бидуни ҷангу хунрезӣ ва ҳамзистии осоишта аз бузургтарин неъматҳои ҳаёт мебошанд.
Имрӯз, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нави замон чун терроризму ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои диниву мазҳабӣ, мусаллаҳшавии бошитоб ва рақобатҳои геополитикӣ рӯ ба рӯ гардидааст, аҳаммияти мафҳумҳои “сулҳ”, “дӯстӣ, “ҳамдигарфаҳмӣ” ва “ҳамкорӣ” боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Дар чунин шароит ҳар як давлат ва миллат барои ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдат талош менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бахшида ба Рӯзи Ғалаба таъкид намудаанд, ки сабақҳои фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон башариятро ҳушдор медиҳанд, ки сулҳу оромӣ ва зиндагии бидуни ҷангу хунрезӣ неъмати бузург барои ҳар як инсон ва робитаҳои беғаразонаи ҳамкориву дӯстона дар байни халқу миллатҳо шарти муҳими пешрафту тараққиёти давлатҳо мебошад.
Қобили зикр аст, ки мардуми тоҷик низ даҳшати ҷангро хуб дарк кардаанд. Агар дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ садҳо ҳазор фарзандони Тоҷикистон барои ҳифзи Ватан ҷоннисорӣ карда бошанд, пас дар солҳои 90-уми асри гузашта тоҷикон бори дигар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарониданд. Аз ҳамин хотир, қадри сулҳу субот, истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мардуми мо басо арзишманд аст.
Бояд гуфт, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар таъмини ғалаба бар фашизм саҳми арзанда гузоштаанд. Тибқи маълумотҳо, зиёда аз 2000 нафар ҷавонони шуҷои ноҳия ба майдони набард рафта, барои ҳифзи Ватан ҷангидаанд. Аз онҳо 194 нафар дар хоки Россия, Украина, Белорусия, доманаҳои кӯҳҳои Қафкоз ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ шаҳид гардида, 275 нафар бедарак шудаанд. Ном ва корномаи онҳо ҳамчун намунаи ватандӯстиву ҷасорат дар саҳифаҳои таърих боқӣ мондааст.
Дар солҳои ҷанг сокинони ноҳия дар ақибгоҳ низ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ фаъолият намуда, таҳти шиори “Ҳама чиз барои фронт — ҳама чиз барои Ғалаба!” меҳнат мекарданд. Онҳо ба фронт маблағ, маҳсулоти хӯрокворӣ, сару либос, чорво ва дигар лавозимоти зарурӣ мефиристоданд. Танҳо аз ноҳияи Мастчоҳ барои дастгирии фронт зиёда аз 110 миллион сӯм маблағ, ҳазорҳо сар чорвои калону хурд ва асп, инчунин садҳо ҳазор ҷуфт либоси гарм ирсол гардидааст. Ин ҳама аз ҳисси баланди масъулият ва муҳаббати мардум ба Ватан шаҳодат медиҳад.
Имрӯз вазифаи насли ҷавон аз он иборат аст, ки таърихи Ҷанги Бузурги Ватаниро омӯзад, аз қаҳрамониву ҷоннисориҳои гузаштагон ибрат гирад ва барои ҳифзи сулҳу оромии кишвар ҳамеша омода бошад. Зеро сулҳ худ ба худ пойдор намемонад. Он ҳушёрӣ, ваҳдат, дӯстӣ ва меҳнати содиқонаро талаб мекунад.
Мо бояд ҳамеша шукронаи истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ба ҷо оварда, барои ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем. Зеро танҳо дар фазои сулҳу оромӣ давлат пеш меравад, миллат рушд мекунад ва зиндагии мардум беҳтар мегардад.
Валӣ Валиев,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ

