Дар ҳама давру замон масъалаи донишомӯзӣ, илмомӯзӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон мавзӯи муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро, насли дорои донишу фаҳмиши баланд захираи муҳимми ҷомеа ба шумор рафта, барои рушди давлату миллат саҳми бисёр назаррас хоҳанд гузошт. Аз ҳамин лиҳоз, падару модар, ҷомеа ва давлат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то насли ҷавон аз донишҳои гуногун бархурдор гардида, пайваста ба илмомӯзӣ, аз бар намудани касбҳои муфид, машғул гарданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои охир баҳри татбиқи ҳадафи зикршуда, корҳои зиёд анҷом ёфтанд, ки ҳамаи мо аз он шоҳид ҳастем. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам заҳмату талош менамоянд, то сифати маориф ва донишомӯзӣ дар кишвар баланд бардошта шавад, зеро бидуни рушди илму маърифат ва фарҳанг расидан ба ҳадафҳои баланди милливу давлатӣ имконпазир нест. Ҳамчунин дар шароити гаравиши ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротгароии динӣ зарурати донишомӯзӣ ва илмомӯзии насли ҷавон дучанд мегардад.
Ба назари мо, яке аз масъалаи муҳим дар самти илмомӯзӣ ин тарбияи фикрӣ мебошад. Зеро, тафаккур яке аз муҳимтарин сарчашмаи офараниши идея, тавлидкунандаи илми нав ва кашфиётҳои нави илмиву технологӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҳар давру замон масъалаи тарбия аҳамияти махсус дорад, вале имрӯзҳо дар баробари дигар навъҳои тарбия, тарбияи тафаккури сиёсии ҷавонон ва умуман аҳли ҷомеа яке аз мавзӯҳои муҳимми сиёсиву амниятии кишварҳои алоҳида ва ҷомеаҳои ҷудогона мубаддал гардидааст. Дар замони Шӯравӣ ҳукумат комилан зидди баланд шудани фарҳанги ва маърифати сиёсии мардум буд. Гарчанде, ки соли 1948 аз ҷониби ЮНЕСКО минбаъд дар донишгоҳҳои кишварҳои ҷаҳон таълим додани фанни сиёсатшиносӣ қарор қабул гардид, вале то пош хӯрдани давлати Шӯравӣ фанни мазкур дар Тоҷикистон ва дар дигар давлатҳои дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошта, таълим дода намешуд.
Баъди соҳибистиқлолӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки масъалаи тафаккури сиёсӣ, маърифати сиёсӣ ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсии шаҳрвандон ва умуман мардуми тоҷик аҳамияти ҷиддӣ пайдо намуд. Зеро, барои давлате, ки рӯ ба сӯи ҷомеаи демократӣ намудааст, фаъолнокии ҳар як шаҳрванд ва аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Бояд қайд намуд, ки тарбияи тафаккури сиёсӣ ва баланд бардоштани шуури сиёсии ҷавонон бо худшиносии сиёсӣ ва худогоҳии сиёсӣ алоқамандии зич дорад. Барои баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии мардум пеш аз ҳама бомаърифат ва соҳибфарҳанг будани онҳо лозим аст. Яъне, ҷавонон бояд таърихи миллати худ, дини худ, фарҳангу анъанаҳои миллати хешро дониста бошанд. Барои ҳамаи ин баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёна ва олӣ зарур буда, иштироки фаъоли падару модар, муаллим ва аҳли ҷомеа ва ғамхориву таваҷҷуҳи доимии давлат муҳим мебошад.
Ятимова Муқадамбону,
Мутахассиси шуъбаи қабул ва маслиҳадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

