Яке аз зуҳуроте, ки ҳоло ба вабои аср мубаддал гардидаву ба амнияти аҳолии сайёра таҳдид менамояд, ин тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимии мавзуъ, дар мавриди хатарҳои глобалӣ ин зуҳуроти нангинро чунин арзёбӣ мекунад: “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд”.
Дар воқеъ, ҷои таассуф аст, ки дар чанд даҳсолаи охир терроризму ифротгароӣ зери ниқоби гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ баромад намуда, хусусиятҳои диниву мазҳабӣ касб мекунанд. Яъне, гурӯҳҳои тундрав бо истифода аз ному мақоми дин ба қатлу куштор ва даҳшату ғорат даст мезананд. Чун ағлаби фирқаву ҷараёнҳои ифротӣ аз номи дини мубини ислом баромад намудаву аз ин оини муқаддас чун василаи татбиқи ҳадафҳои муғризона истифода мекунанд, дар натиҷа номи ислом ва пайравони он чун “дини терроризм” ва “террорист” доғдор мегардад.
Кишвари мо, Тоҷикистон ҳарчанд аз минтақаҳои даргири терроризм аз нигоҳи ҷуғрофӣ, як андоза дар канор бошад ҳам, вале фаромӯш набояд сохт, нооромии минтақа ва кишварҳои ҳамсояву ҳаммарз метавонад, ба суботи сиёсии мо низ халал ворид кунад. Зеро паси зуҳури ҳодисаҳои террористӣ ва ифротгароӣ қурбониву хисороти ҷониву мулкии ҳазорҳо нафар инсон қарор дорад, ки ин падида ҳеҷ як нафар аз мардуми соҳибиродаву соҳибақлро ором гузошта наметавонад. Чунонки дар гузоришу паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама вақт таъкид мешавад, кишвару давлати мо терроризмро дар ҳама шаклу падидаҳояш қатъият маҳкум менамояд. Ҳукумати кишвар агар бо қабули қонуну созишномаҳо ин равандро суръат бахшад, шаҳрвандони он ҳар амали марбут ба терроризму ифротгароиро саривақт маҳкум менамоянд. Набояд фаромӯш намуд, ки мубориза ба терроризм-ин зуҳуроти барои инсоният бегона, бино бар мураккабияш вазифаи дарозмуддат ва ҳамарӯзаи банӣ башар аст. Бояд ҳар нафар, хоса насли ҷавон, ки таҳарруку эҳсоси зудтарканда хоси онҳост, дар бартараф ва пешгирӣ намудани ин падидаи фалокатбору ваҳшатзо саҳм гузорад ва пеш аз анҷоми ҳар амал аз оқибату натиҷаҳои он андешад.
Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бўҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Мақомотҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол кардааст. Бо ин мақсадҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо падидаҳои экстремистӣ маҷмўъи чорабиниҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ ба роҳ монда, тамоми чораҳои пешгирӣ аз ин хатарро роҳандозӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмўъи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеъи марказиро амали Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, № 1717 тасдиқ шудааст.
Аз нуктаҳои дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикршуда ба хубӣ ҳувайдост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби замон омода аст ва дар ин самт аз роҳу василаҳои мавҷуда истифода хоҳад кард. Зеро мардуми Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар солҳои нахустини мустақилияти кишвар чунин таҳдиду хатарҳоро дида буд, дар ин самт таҷриба дорад. Аз ин рӯ, мутмаинем, ки халқи азизамон, бо назардошти вазъи ҳассоси минтақа ва ҷаҳон дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат ба гурӯҳҳои ғаразҷӯ имкон намедиҳад, ки суботи моро халалдор созанд.
Умарзода Алӣ,
Муовини сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират

